Як муҳоҷири тоҷик дар қатли Владимир Фукалов муттаҳам мешавад
Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровски Русия муҳоҷири 23-солаи тоҷикро дар куштори як соҳибкори 53-солаи маҳаллӣ Владимир Фукалов ва ёвараш муттаҳам мекунад.
Ин ниҳод мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ бо истифода аз силоҳи оташфишони соҳибкори рус, худи ӯ ва ёврашро ба қатл расонида, ба хотири гурез аз нишонаҳои ҷиноят ҷасади онҳоро дар дохили мошина (худрав) оташ задааст.
Ба иттилои манбаъ, далели даст ба ин ҷиноят задани муҳоҷири тоҷик, соати қиматбаҳои соҳибкор, миқдори муайяни ҷавоҳирот ва беш аз 500 ҳазор рубли русии ӯ будааст: “Ҳарчанд шахси муттаҳам дар аввал худро гунаҳкор намеҳисобиду ҳама иттиҳомот алайҳи худро рад мекард, вале баъд аз пешниҳоди далоили кофӣ иқрор шуд.”
Кумитаи тафтишотии минтақаи Хабаровск мегӯяд, айбдоршаванда се соли қабл ба Русия омада, то ин дам дар хонаи соҳибкор машғул ба кор будааст. Ҳоло алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |