Бахшҳо

Қирғизҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ба ватани бобоияшон бармегарданд

Алиясбек Алимқулов, вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, аз нодида гирифтани ҳуқуқи сокинони қирғизи Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Алимқулов рӯзи 28 апрел дар ҷаласаи парлумонии кишвараш гуфтааст, “ҳуқуқи қирғизҳо дар Тоҷикистон нодида гирифта мешавад.”

Ба гуфтаи ӯ, гӯиё сиёсати феълии Тоҷикистон барои дастгирии қирғизтаборони ин кишвар мувофиқ нест: “Ба ҳуқуқи онҳо касе аҳамият намедиҳад, агар рафту нафаре дар Тоҷикистон забони тоҷикиро надонад, ӯ дар ин кишвар бояд аз ояндааш даст шӯяд, ки ин ҳолат вазъияти қирғизтаборонро бисёр нигаронкунанда кардаасту боиси кӯч бастани онҳо ба Қирғизистон шудааст.”

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон мегӯяд, гӯиё ин суханҳои ӯро раиси ҷамъияти қирғизтаборон дар Тоҷикистон ҳангоми боздидаш аз Бишкек таъйид карда, аз зиндагии шумораи зиёди қирғизон дар ноҳияи Ҷиргатоли кишвар хабар додааст. Раиси ҷамъияти қирғизони Тоҷикистон гӯиё гуфтааст, аз соли 2013 ба ин сӯ, тамоми номи кӯча, мактаб ва маҳаллаҳо аз забони қирғизӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, муаллимонро дар макотиб маҷбур доранд, то конспектҳои худро бо забони тоҷикӣ қайд карда, ба донишомӯзон бо забони давлатӣ дарс гузаранд.

“Мо аз ин сиёсати пешгирифтаи мақомоти тоҷик норозӣ буда, мехоҳем ба Қирғизистон кӯч бандем ва аз ин рӯ ҳимояти давлатии Бишкекро талаб дорем”,-гуфтаанд онҳо.
Мӯҳр
Джора
Хабари игвогарона, нависандааш бемасъулият аст.

ТОЧИКОН ДАР ЯГОН ДАВРУ ЗАМОН ФАРЗАНДИ ОДАМРО ТАКИР НАКАРДААНД, БАРОИ ХАМИН НОМАШОН ДАР САРЗАМИНИ ХАМАИ ДИЛХО МАРЗИ ХУДАШРО ДОШТ. ТОЧИКОН БЕХТАРИН БАРАНДАИ АРЗИШХОИ БАШАРИ ХАСТАНД. МО КАСЕРО ОЗОР НАДОДЕМ ВА ХАР КИ МАРЗ ХОСТ МО ТАХАММУЛ КАРДЕМ, ЧУНКИ МО МАРЗ НАДОРЕМ. МО АРЗАНДАИ ХАМА МАРЗ ХАСТЕМ.

ҶЕРГАТОЛ
Аз ин ДЕПУТАТИ ПУЛӢ як бор пурсед ки оё тоҷикони муқимии Қирғизистон қирғизиро надонанд дар идораҳои қирғиз кор мегиранд!? Ин як масалаи комилан табии аст. Шумо вақте ба Америка ҳам равед(демократитарин кишвари дунё) барои кору зиндагӣ дар онҷо бояд забони давлатӣ(англисиро) донед. Ин афрод аз Узбакистон пул мегиранд то ин ҳарфҳоро бизананд ва бо ин корашон ҳам ба Қирғизистон ва ҳам ба қирғизҳои Тоҷикистон ки сад солаҳо бародарвор бо тоҷикон зидагӣ карданд ХИЁНАТ кунанд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

точик
мухтарам вазир аввал омада бо холу ахволи киргизхои Чиргатол шинос шудаву баъд хулоса мебаровад. Онхо дорои хама хукукхо будаву касе холи онхоро танг накардааст. Раиси киргизхои Точикистон худ зиндагии шохона дорад, агар холо хам аз сиесати Точикистон норози бошаду бинолад кур мешавад. Намаки Точикистон кураш мекунад,

точик
Рохи сафеду тахту хамвор ба онхое,ки нияти куч бастан доранд

Салом ба хама хонандагони сомона.
Рости ин суханро шунидам бисёр но рохат шудам, чун ки падарам точику модарам киргиз мебошад. Шояд ин ягон фармони дигар аз дасти сеюм бошад. Дар Точикистон барои Киргизо ва УЗБАКО хамма шароит мухайст,
Ва боре хам дар байни ин ду милат, (дар н. Чиргатол бадбиние нашудаст) агар раиси нохия Киргиз бошад хатман муовини аввалаш Киргиз мебошад ё бар акс. ... сухан бисёр аст, аммо вакт танг.
Аз макомотхои кудрати хохиш мекунам ин масъаларо бо зуди ва бо хуби хал кунанд.

точик
Мири шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон Мақсатбек Женбеков бо изҳори як фармон роҳбарони тамоми корхонаву муассисотро новобаста аз шакли моликияташон маҷбур кард, то ҳар ҳафта то 3 соат дар коргоҳашон омўзиши забони қиғизиро ба роҳ монанд.

Чиргатол
Руят смех Алиясбеки дуруггуй.

dj
Дар Киргизистон холи точикону узбакон дар вокеахои ОШ бисёр хуб буд?

Масъаларо оромона омухта, оромона чавоб додан даркор. Камбуди бошад, ислох бояд кард. Ва хамзамон аз вазъи точикони Киргизистон пурсон шуда, муносибати одилона ба онхоро хам бояд дар миён гузошт. Ин аст тарзи кор окилона ва мадани.

Озод
Чаро ягона вазири точиктаборро чашми дидан накардеду беасос чанд сол зиндонаш кардед?шармандахо

ватандор
шумо мардуми киргиз нону намаки моро хурда ба намакдон туф мекунед бехтарш бо мо набошед то дидани дидор панотун ба худо агар мерафтани бошед аз пода пеш чанг накарда равед.Бисерии шумо намехохед ба забони ноби точики харф занед пас чи гила доред ин ватанд баройи хамайи точикистониен аст ба шарте ки забону фарханги моро пос доред дар акси хол мо точикон шуморо хеч вакт намепазирем.

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар нохияи Чиргатол ду миллати бо хам дуст асрхои аср зиндагии ахлона дошта бо мурури замон ба риштахои бародарию хешутабори бо хам омехта гаштаанд. Ногуфта намонад, ки дар нохияи Чиргатол 58 мактабхои тахсилоти умуми фаолият доранд, ки аз ин мактабхои таълимашон бо забони киргизи 25 адад, мактабхои таълимашон бо забонхои точикиву киргизи 17 адад ва таълимашон бо забони тоники 16 ададро ташкил менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар баъзе дехахои худуди нохия фарзандони оилахои точик бо забони киргизи тахсил доранд.
Бо арзи эхтиром ва сипоси бепоён

Раиси чамъияти киргизхои Точикистон Давлеталиева 3. Ш.

Дар асл хамин хел аст. Тамоми дехахо неву, кариб 90%и дехахое ки номашон киргизи буд, ба точики иваз карданд. Албатта хукукхои киргизхо дар Точикистон на он кадар хуб химоя мешавад, макомот танхо мегуяд ки хама баробар кадом миллате набошад, дигару дигар, аммо афсус дида мешавад поймол сохтани хухуки онхо. Ман худ зодаи нохияи Чиргатол мебошам ва ман шохиди чунин холатхо шудаам, холо дар Бишкек тахсил дорам, оянда ба Точикистон бар мегардам. Мо обод накунем касе омада барои мо обод намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)