Миср: Маҳкумияти боз 683 ҷонибдори Мурсӣ ба марг
Додгоҳи Миср имрӯз боз 683 ҷонибдори президенти пешин Муҳаммад Мурсиро ба марг маҳкум кард.
Миёни маҳкумшудаҳо Муҳаммад Бодия, яке аз чеҳраҳои калидии созмони “Бародарони мусалмон” ҳам ҳаст, хабар додааст шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”.
Судя ҳамчунин ҳукми эъдоми 37 нафар аз миёни 529 тани дар моҳи март ба марг маҳкумшударо бетағир гузошта, ҳукми боқимондаҳо ба ҳабси абад иваз шудааст.
Маҳкумшудаҳо дар ҳамла ба бунгоҳи пулис ва куштори афсарон дар 14 августи соли 2013 муттаҳам мешаванд.
Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ қаблан ҳукми эъдоми аъзои “Бародарони мусалмонон”-ро маҳкум карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |