Бахшҳо
28 апр 2014 13:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Норозигии ширкати Фирташ аз даъвои Оҷонсӣ алайҳи “Тоҷиказот”

Ширкати Group DF, мутааллиқ ба Дмитрий Фирташ -- сарватманди шинохтаи украинӣ рӯзи 28 апрел бо нашри баёнияе даъвои Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон дар робита ба корхонаи “Тоҷиказотро” беасос донист. Ҳоло 75 дарсади саҳмияи “Тоҷиказот” дар дасти Ostark Ventures Limited-и Дмитрий Фирташ мебошад.

Ин баёнияи ширкати марбут ба сарватманди украинӣ дар ҳоле нашр шуда, ки Додгоҳи иқтисодии Хатлон дар асоси даъвои Оҷонсии зидди фасод ё коррупсия рӯзи душанбе бояд баррасии парвандаи “Тоҷиказот”-ро оғоз мекард, аммо ногаҳон онро то нимаи дувуми моҳи июн ба таъвиқ гузоштааст. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки Фирташ саҳмияҳои ин корхонаро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.

Ширкати Дмитрий Фирташ мегӯяд, онҳо тамоми уҳдадориҳои худро дар доираи шартномаашон иҷро карда, давоми ин солҳо танҳо барои рушд ба бунёди корхонаи “Тоҷиказот” ба маблағи бештар аз 17 милион доллар харҷ намудаанд. “Аз рӯзи аввали таъсис аз ҳисоби ин корхона 45 миллиону 610 ҳазору 642 сомонӣ ба буҷаи давлати Тоҷикистон ҳам даромад ворид шудааст”,-омадааст дар баёния.

Чанде пештар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов -- писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дошт, бе ҳузури саҳмдори асосӣ мусодира карда, дар ихтиёри Вазорати саноат ва технологияҳои нав дод. Тамоми дороии Фирташ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 200 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Саидчон
Хамин Очонсии зидди фасода номи хакикиаш Очонсии Фасод бояд бошад.

99
Фирташ, Зайд Саид ё Кабирӣ нест, ки молаша кашида гиред! Як бор он ду уруси ҳавопаймо шарманда накарда буд, ки боз такрор карсодед!

Амон
Окибати бесаводи ва бекадри ва минтакагарои хамин аст.Ин биснисмен холо ба хама чо даъво карда шармандаатон мекунад.Окибат хамин аст Ирон як сол боз сафир намефиристад.Шармандаги аз ин зиёдтар намешавад!

ВИДНО ЧТО ПРО ЛЕТЧИКОВ ПОЗАБЫЛИ !

ЕЩЁ ОДНО УНИЖЕНИЕ ЖДЕТ РЕСПУБЛИКУ БЛАГОДОРЯ КОРУПЦИИ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)