Бахшҳо

Сӯҳбати мусофир: “Намедонам, ҳукумат ба куҷо нигоҳ мекунад?”

Гоҳо дар роҳ суҳбатҳоеро мешунавӣ, ки гӯяндатар аз ҳар матлаби рӯзноманигорону баромадҳои сиёсатмадорон буда, рӯҳияи мардум ва мавқеи онҳоро, чуноне ҳаст, нишон медиҳанд. Чанд рӯз пештар дар таксиҳои се сомонӣ нишаста, аз паи коре мерафтам. Ронанда бо як мусофир аз ҳар маврид суҳбат мекарданд.

-Ҳамин камераҳо (дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар”) ҳеч фоида доранд?
-Бале, ҳоло бисёриҳо қоидаҳоро риоя мекунанд...
-Барои ҷайби ронандаҳо чӣ? Мегӯянд, ҷаримааш гарон аст...
-Ҷаримаҳояшон дар ҳақиқат гарон. Лекин баъзан агар ҳамин хел накунанд, навшогирдону “права”-дорони навбаромад аз худ мераванд.
-Додар, инро монед... Агар ҳамин аҳвол, ҳамин роҳу ҳамин пиёдагард, ҳамин дурбину ҳамин БДА бошад, “каппаи ман низ дуд мекунад”.
-О, гуфта буданд баъд аз насби дурбинҳо кормандони БДА дар роҳ намеистанд-ку?
-Бо даҳан ҳар чи мегӯянд. Як вақт дар ҳақиқат кам шуд, аммо ҳоло занбурӯғи баъд аз борон барин сари қадам истодаанд. Ҳам ба “камераҳо” ҷарима месупорӣ, ҳам ба кисаи “гаишникҳо”.

Дар ҳамин лаҳза мошин сахт такон хӯрд: чуқурии калоне дар роҳ буд ва имкони онро давр задан набуд.

-Ана, гиру мон. Ин хел роҳ бошад, ман чӣ гуна ронандагӣ кунам? Болои ҷуқурӣ рафта нашавад, онро давр задан мумкин набошад...
-Ака, рост мегӯед. Ба қавле, “дилу ҷигари” мошини худам дар ҳамин роҳҳо “рехт”. Нишонаҳои роҳ низ дуруст нестанд.
-Инаш як бало. Пиёдагардон тамоман нигоҳ намекунанд, ки аз куҷо мегузаранд. Якбора аз куҷое пайдо шуда медаванду ронанда - гунаҳкор.
-Рост, инҳо аз ҳамон шӯхии “Тангем” ҳам гузаронданд!
-Маърифат намерасад. Намедонам, ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад, ки нисфи ронандаҳо ҳуҷҷаташонро харидаанду нисфи дигар “бачаи калонҳо”. Роҳҳо бошад, ҳамоно вайрону валангор.
-Ҳамин маркази шаҳрро дар як сол се-чор бор аз нав мумфарш мекунанду роҳи аз беморхонаи Қарияи Боло он тараф (самти ғарб, ҷониби Ҳисор) аз замони Шӯравӣ боз ҳатто дарбеҳи хуб нашудааст...

Ин вақт дар майдони Исмоили Сомонӣ, рӯбарӯи бинои парлумони кишвар мегузаштем.

-Ҳамин депутатҳо, арзи мардумро гӯш накардаю дардашонро ба ҳукумат нарасонда, чӣ кор мекунанд?!
-Ягонтои инҳоро надидем. Ҳамин ки интихобот шуд, дар телевизион ва чанд газета номҳояшон мебарояду мефаҳмем, ки дар маҳаллаи мо низ вакил будааст. Баъд аз он чунон гум мешаванд, ки гӯиё борони баҳорӣ дар биёбон бошад.
-Дар ҳамон давраи интихобот ҳам ягон бор намебинемашон. Дар солҳои навадум ақаллан вохӯриҳо буданд, ҳамон калӯшваъдакунӣ бошад ҳам буд, аммо ҳоло аз вакил танҳо ном асту нишоне не.
-Барои чӣ маош мегиранд? Чаро маблағи андози моро мехӯранду барои мо ягон кор намекунанд?
-Ҳеҳе, додар, ту ҳам гуфтӣ-да, барои мардум кор мекардаанд. Ҳамон роҳи Хуҷандро пулакӣ кардан нишони хизмат ба ману ту аст?!

Дар рӯбарӯи бинои дастгоҳи президент будему зани калонсоле ба мошин нишаст. Аз абрӯҳои гирифтааш, ба қавле, барфу борон мерехту касеро беист зери лаб носазо мегуфт.

-Хизмат, ки кунанд, мардуми аз Русия бо сад азоб ва бо хатари ҷон пул оварда дар фурудгоҳ ғорат мешаванд?!
-Ҷиян, ғорат мана дар ҳамин ҷо, дар таги биниамон, - сесомониро ба ронанда дароз карда, ба суҳбат ҳамроҳ шуд зан. Ана ҳамин парчами калонро монданд. На ба сарам соя мекунаду на дуди сӯзиши ҷигара дур мебарад!
-Чӣ шуд, хола?!
-Ҳамин ҷо як бозори кори калон буд. “Баракат” як баракати хос дошт. Ба ҷояш як парчами калонро монданду фикр накарданд, ки мардум аз куҷо харид мекунад!
-Хола, супермаркет ҳаст-ку, рӯбарӯи ҳамон ҷои бозор (механдад ронанда)
-Эҳ, ту ҳам гуфтӣ... Нарху навои ин мағозаҳоро медонӣ? Бо бозор муқоиса кардаӣ? Баъд, канӣ дар ин мағозаҳошон картошкаю турбу гӯшт?! Ҳатто нони табъи дил намеёбӣ: ё қимат, ё чандрӯза. Хонаи ман бошад, дар маҳаллаи 102. Аз он ҷо бозори “Зарнисор” ва маҳаллаи 82-ро бардоштанд. Ҳоло мани нафақахӯр ба ҳамин сари сафед ҳар рӯз пойҳои дардмандамро ба зӯр ҷобаҷо карда, ба “Зелёний” (бозори Шоҳмансур) меравам. Дар хона ягон каси маоши ҳалолдошта нест: як писарам дар Русия, писари дигарам донишҷӯ, духтарам дар хонаи шавҳараш. Ҳамсояам бошад, кампири рус, тамоман танҳо аст. Тасаввур мекунед, ҳар рӯз ин қадар роҳ рафтан чӣ қадар мушкил аст ва чанд сӯм меравад?
-Хола, бояд “Тоҷикматлубот” ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ дар маҳаллаҳо дӯкону нуқтаҳои фурӯш месохтанд-ку? – пурсидам ман.
-Ягон майда, бачам! Дар дӯконҳои назди хона маҳсулоти ҳалол нест, нархашон бошад дар осмон. Як кило картошка дар “зелёний” чор –панҷ сомонӣ шуду дар назди хонаи мо дарҳол панҷуним-шаш сомонӣ талаб карданд...

Ба назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” расидем. Нафаҳмидам, ки ин зани нафақахӯр чаро ба таксии сесомонӣ нишастааст. Аммо бештар, бароям аҷиб буд, ки ҳамон байрақ чанд нафарро аз ҷои нонёбӣ дар бозори “Баракат” маҳрум кардаю чаро ба ҷои ин қадар меҳмонхонаҳои зиёд, як корхонаи хуб намесозанд...

Шоҳиди суҳбати ронандаву мусофирон:
Рустам Маҷидов
Мӯҳр
Салом некем акаи журналист ба хами сухани нависондагит << Дар ҳамин лаҳза мошин сахт такон хӯрд: чуқурии калоне дар роҳ буд ва имкони онро давр задан набуд >> Гарибшох компанияра мазок карди )))))))))))))) мард боши хамин шархи нависондаги маро чоп мекуни ))))

Шукурона
Чура, шукр кун, ки мардум гапашонро натарсида байни худ хам бошад, мегуянд. Агар дар Узбакистон мешуди чи мегуфти?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)