Иҷозаи Вазорати фарҳанг барои идомаи кори «Пайк»
Ҳафтаномаи “Пайк” – ягона нашрияи мустақили Хатлон, ки ахиран бо дастури додситонии вилоят аз чоп боз монда буд, дубора фаъолияташро аз сар гирифт. Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири нашрия, 28 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, масъулини Вазорати фарҳанг барои идомаи фаъолияти ҳафтанома иҷоза дода, муҳлати кории онро тамдид кардаанд.
Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 16 апрел бо судури фармоне ба далели бидуни иҷоза фаъолият кардани “Пайк”, муассисонашро ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима ва чопи онро манъ карда буд. Нашрияи “Пайк” наздики як сол мешавад, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон фаъолият дошта, нахустин шумораи он моҳи июли соли гузашта дастраси хонандагонаш гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |