ВИДЕО: Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурданд
Наздикони Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе ӯро барои ҷарроҳӣ ва табобат ба яке аз бемористонҳои низомии воқеъ дар Екатеринбург ба Русия бурданд. Субҳи барвақти 28 апрел мошини Ёрии таъҷилӣ Шаҳболро, ки дар пайи шикастани гардану осеб дидани сутунмуҳрааш ҳаракат карда наметавонад, ба фурудгоҳ бурд.
Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, мақомот ба ваъдаи худ дар мавриди кумак ба писараш вафо накарда, ба қавли ӯ, беҳуда онҳоро нигоҳ доштаанд. “Агар онҳо ваъдаи хушку холӣ намедоданд, хеле барвақт худам бо фурӯхтани замину хона писарамро барои табобат мебурдам. Чи хеле имрӯз ҳамин корро кардам”,-афзуд Мирзоев.
Падари Шаҳбол гуфт, умед дорад, табибони бемористони низомӣ дар Екатеринбург писарашро ҷарроҳӣ ва табобат хоҳанд кард.
Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, вазъи Шаҳболро хуб арзёбӣ карда гуфта буд, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст.” Ин дар ҳолест, ки мутахассисони беморхонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе, ки бо номи “бемористони эрониҳо” маъруф аст, вазъияти Шаҳбол Мирзоевро вахим арзёбӣ карда, гуфтаанд, ҳатто баъд аз ҷарроҳии аввалия низ ба по хестани ӯ имкон надорад.
Онҳо мегӯянд, "ин ҷарроҳӣ бояд бо ҳадафи пешгирӣ аз аворизи мухталиф, ки ҷароҳати бардоштаи бемор дар ноҳияи гардан метавонад дошта бошад, анҷом дода шавад. Чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ дафъатан ба по мехезад ва ба зиндагии фаъол бармегардад, дуруст нест.”
Шаҳбол Мирзоеви 23 сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш доранд, дар суҳбат бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Вале Расраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро такзиб карда, таъкид намуд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Радиои “Имрӯз” дар робита ба ин ҳодиса тадқиқоти журналистӣ анҷом дода, маълум кард, ки Усмоналӣ Ғайратов писари Муҳаммадшариф Ғайратов, корманди бахши конселярии Додситонии кулли кишвар мебошад. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадшариф Ғайратов сокини ҷамоати Сари кишти ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар гузашта аз фанни ҷуғрофия дар мактаб ба донишомӯзон дарс мегуфтааст ва давоми чанд соли охир то корманди бахши конселярии додситонӣ расидааст.
Аз сӯи дигар, худи падари Усмоналӣ Ғайратов дар суҳбат бо Радиои "Озодӣ", ки корманди шӯъбаи умумии Додситонии кулли Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, гуфта, ки омодааст, ба табобати Шаҳбол Мирзоев кӯмак кунад, аммо ба қавли ӯ, гӯиё ҳамаи пешниҳодҳояшро наздикони Шаҳбол комилан рад кардаанд. Вале Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфтаҳои Ғайратовро комилан рад карда, изҳор дошт: "Як бор бародари Усмоналӣ Ғайратов бо ҳамроҳии 10-12 рафиқаш омада буданду халос. Дигар ман ягон нафар аз хонаводаи Ғайратовҳоро надидаам, ба хусус падарашро. Онҳо ҳадди ақал омада як бор узр напурсидаанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |