Раҳоии Абдураҳим Шукуров баъд аз ним рӯзи "облава"
Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки пеш аз зӯҳри 26 апрел аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе “облава” шуда буд, шоми ҳамон рӯз озод гардид. Шукуров дар кӯчаи Чехови пойтахт аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ “боздошт” ва ба шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Шоҳмансур инқтиқол ёфта буд.
Наворбардори "Озодагон" мегӯяд, табибон вазни ӯро баркашида 42 кило гуфтаанд, вале талош кардаан дар коғаз 44 бинависанд. "Танҳо баъд аз баҳсҳо ва овардани ҳуҷҷати бемориам мрао раҳо карданд",-мегӯяд ӯ.
Вале маъмурини ин комиссариати ҳарбӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Шукуров “облава” нашудааст ва онҳо низ намедонанд, ӯ чи гуна ба ин макон омадааст. Ин наворбардори “Озодагон” дар ҳоле мавриди даъвати маҷбурӣ ё худ “облава” қарор гирифтааст, ки ӯ дар гузашта чандин бор довталабона барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ муроҷиат карда буд. Вале ба хотири нарасидани вазну вазъи бади саломатиаш, ки аз дарди пой ранҷ мебарад, аз сӯи маъмурини комиссариати ҳарбӣ қабул намешуд.
Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран батакрор барои аз байн бурдани "облава" таъкид карда, ҳатто дар робита ба манъи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба саффи артиш дастур дода ва барои иҷрои ин дастури худ комиссияи даъват ҳам ташкил карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |