Космос: Аз сиёсати Русия алайҳи Украина шарм мекунам
Дмитрий Дюжев, ҳунарманди театр ва синамои рус, ки барои тоҷикон ҳамчун “Космос” аз филми “Бригада” ошно аст, бо пахши як изҳорот сиёсати кишварашро маҳкум кардааст.
Дмитрий Дюжев гуфтааст аз сиёсати пешгирифтаи Русия алайҳи Украина эҳсоси шарм мекунад: “Барои ин амалҳои ҳукумати кишварам аз Украина пӯзиш мехоҳам. Ман ва дигар мардуми Русия тарафдори ҷанг нестем ва аз ин амалҳои ҳукумати худ дар қиболи ҳаводиси Украина шарм медорем. Ман Украинаро ҳамчун як кишвари устувор дӯст медорам. Ҳоло шахсони бонуфузи санъату ҳунар дар сафҳаҳои худ нисбат ба ин қазия мавқеъгирӣ мекунанд, ман низ наметавонам канор бошам.”
Дмитрий Дюжев, ё худ “Космос” аз “Бригада” гуфтааст, дар даврони кудакиаш хонаводааш ҷанги 1941-1945-ро ҳамчун рӯзҳои тарс, гуруснагӣ ва марг тавсир мекардаанд: “Аз ин хотир ман аз тақдири Украина ҳарос дорам. Бо ин ҳама хотираҳо мо набояд он рӯзҳои мудҳишро ба сари мардум, фарзандони худ баргардонем. Орзуи ман ин аст, ки кудакони ман оромона дар хиёбонҳо бозӣ кунанд ва ҳар субҳи офтобиро бидуни тарсу ҳарос пешвоз бигиранд. Ман аз насле ҳастам, ки дар даврони СССР бузург шудам ва бовар надорам, ки он вақт моро барои дустӣ бо ҳамсолони дигар миллат маҷбур мекарданд.”
Дмитрий Дюжев гуфтааст, ки ба фарҳанги Украина эҳтиром дорад. Ҳар инсон ин мард ва зан аст, ва ҳар зан-модар новобаста аз сину соли фарзандаш бар зиди ҷанг аст. Дюжев афзуда, шояд ҳазорҳо нафар фалсафаи ин суханони ӯро қабул надоранд: “Вале ман аз хомуш будан хаста шудам. Мо мардуми саёра бояд дарк кунем, ки ҳамаи мо инсони як заминем ва набояд чизеро байни ҳам тақсим кунем. Мо набояд ҷанг, балки бо ҳамдигар зистанро биомузем. Украина, мо бо шумо!”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |