Маркази миллии тестӣ дар назди раисиҷумҳур: Иқдоми хуб ё бад?

20-уми декабри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар хиёбони Рӯдакии Душанбе “Маркази миллии тестӣ” (ММТ)-ро ифтитоҳ карда, онро қадами ҷиддӣ дар пешрафти маорифи кишвар арзёбӣ намуд.
Бархе масъулин мегӯянд, бо фаъол шудани Маркази миллии тестӣ ришваситонию тағобозӣ ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо рӯй ба нестӣ меорад. Суоли “Озодагон” ин навбат дар ҳамин маврид буд - “Маркази миллии тестӣ- иқдоми хуб ё бад?”
Руҳуллоҳ Ҷурабоев, корманди бахши маориф
Маркази миллии тестӣ имконият медиҳад, ки довталаб бештар ба таҳсил ҷалб шавад. Ин бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад ва ин услуби корӣ нав ва хуб ҳам ҳаст.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бо усули тестӣ супоридан шаффофият то кадом дараҷа ҳаст. Дар ин усули корӣ ягон шакли ришвагирӣ ба назар намерасад. Чунки тест дар ҳуҷраҳои алоҳида мегузарад, аз рафти он назорат бурда мешавад. Ва ҳамчунин шаффоф будани ин услуби корӣ аз нангу номуси масъулин низ вобаста аст. Вале ба ҳар сурат барои ҷорӣ кардани ин усули корӣ мушкилот низ вуҷуд дорад. Барои мисол дар деҳаҳо давоми 6-7 моҳ бо барқ таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ метавонад монеа омодашавии бачаҳо барои гузаштан ба низоми тестӣ гардад.
Мирзошариф Шодиев, сардори шӯъбаи тақсим ва ҷобаҷогузории довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Ин иқдоми хуб аст. Ба хотири он, ки дигар фақат нафароне ба муассисаҳои олӣ метавонанд дохил шаванд, ки дар ҳақиқат мехонанд ва дониш доранд. Яъне имкони “тағобозӣ” аз байн рафт.
Имкони бо дигар роҳ дохил шудан аз байн рафт. Аз ин ба баъд довталабон фақат дар фикри хондан мешавад ва дигар имкон ба монанди одам ёфтан ва бо дигар роҳ супурдани санҷишу имтиҳон аз байн меравад. Ман бо бовари комил метавонам бигӯям, ки ҳамаи кормандони марказ содиқона кор мекунанд, ва ҳеч имконе вуҷуд надорад.
Нуроншо Ҷалилов, сокини шаҳри Душанбе
Иқдоми бад нест. Кишварҳои рушдёфта ин иқдомро дар садсолаи гузашта ҷорӣ карда буданд. Ҷиҳати мусбии ин он аст, ки он кудаконро водор мекунад, то мустақилона барои дарсомӯзиву дохилшавӣ машғул шаванд. Ин услуби хуб барои муаяйн кардани низоми холдиҳӣ мешавад.
Монанди дигар кишварҳо бо муаяйн кардани сатҳи омодашавии наврасон мо метавонем, низоми умумии омодашавиро дар дохили кишвар дақиқ кунем. Ин имкон фароҳам меорад, ки дастрасии тамоми аҳолӣ барои идомаи таҳсил дар муасиссаҳои олӣ баробар бошад. Чунки то имрӯз дар дохили кишвар “тағобозиҳо” буда, он дохилшавии баъзе аз шахсони лаёқатмандро маҳдуд мекард.
Аммо ба ҳар сурат ин марказ метавонад аз тарафи як гурӯҳ инҳисор шавад. Ҳадди ақал бо дарназардошти он, ки мансабдорони мо барои ришва додан ва пора гирифтан одат кардаанд. Ҷиҳати дигари манфии маркази миллии тестӣ метавонад он бошад, ки ин марказ бойиси имконияти нобаробар барои дохилшавӣ гардад.
Ба ҷойи он, ки мақомоти мо бо ҷорӣ кардани ин низом хушҳол гардад, беҳтар мебуд фикр кунад, ки ин марказ ба чӣ оварда мерасонад. Барои мисол бо низоми тестӣ ҳамеша бачаҳоро танҳо барои интихоби ҷавоби “ҳа” ва “не” одат мекунонанд. Дар замони муосир барои бачаҳои мо кифоя аст, ки дилхоҳ ҷавобро аз интернет пайдо намоянд. Яъне, кудак имконияти мустақилона ва инфиродӣ андеша карданро аз даст медиҳад. Яъне, албатта бо ин низом донишгоҳ метавонад бо баҳои хубу аъло як нафарро донишҷӯ кунад, аммо маълум нест, ки ояндаи он наврас чӣ мешавад.
Ҳамчунин омили равонии ин марказ ҳам ҳаст. Яъне, наврас бисер парешон барои супурдани чунин имтиҳон мешавад. Илова бар ин ман баъид намедонам, ки масъулини маркази миллии тестии мо ҳам дар ояндаи наздик дар ин маврид бо “из”-и ҳамтоёнашон аз Русия нараванд ва ҷавобҳои саволҳои тестӣ дар зудтарин фурсат дар фурӯшгоҳҳо пайдо нашавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |