Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Пешниҳоди ҲНИТ дар бораи “облава” ва музди сарбозон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои аз байн бурдани “облава” ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбию ташкили як артиши касбӣ пешниҳоди худро тавассути вакилонаш – Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба парлумон ироа кардааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 25 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин пешниҳодҳо дар шакли тарҳи нави қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” омода шудаанд. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонуни мазкур аз байн бурдани даъвати маҷбурии ҷавонон ба сафи артишу ришваситонӣ дар ҷараёни даъват, таъмини беҳтари шароити иҷтимоии сарбозон ва гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ будааст.
“Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки сарбозони даъватшуда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо музди моҳона таъмин карда шаванд ва маблағи он аз музди миёнаи кишвар кам набошад”,- афзуд ӯ.
Вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон барои пайдо кардани манбаи молӣ ба хотири таъмини маоши сарбозон пешниҳод кардаанд, ҳар нафаре рағбати рафтан ба сафи артишро надорад, метавонад, бо пардохти маблағи муайян аз хидмати ҳарбӣ озҳод шавад: “Ҳаҷми маблағи пардохтшавандаро ҳукумати Тоҷикистон бояд мауйян намояд. Ин маблағҳо, бар асоси лоиҳаи мазкур, танҳо ба пардохти музди моҳонаи ҳидматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар кардани шароити хидмати онҳо равона карда шаванд.”
Дар ин замина Муҳиддин Кабирӣ ва муовинаш, инчунин, пешниҳод кардаанд, “барои пиёда намудани лоиҳаи онҳо хазинаи махсуси пуштибонии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шавад, то маблағҳои пардохташуда ба ин хазина равона шаванд.”
Ин пешниҳодҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки қаблан бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ампаро, барои кам кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ аз ду ба як сол ва, инчунин, пулакӣ кардани хидмат пешниҳодҳо карда, аммо ҷавоби мусбат нагирифта буд. Дар акс: Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |