Кумитаи дин ва Маркази исломӣ алайҳи таблиғи “Нури наҳзат”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон паҳн намудани дискҳои “Нури наҳзат”-ро берун аз чаҳорчӯбаи ахлоқу қонунгузории кишвар хонда, онро маҳкум мекунад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, рӯзи 25 апрел дар суҳбат бо мо гуфт, ин ниҳод аз мавқеи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки паҳн намудани ин гуна наворҳоро маҳкум кардааст, ҷонибдорӣ менамояд.
Оқои Муқим мегӯяд, “нисбат ба паҳни ин наворҳо мавқеи кумита бо мавқеи маркази исломӣ мувофиқ аст ва ин ниҳод низ зидди нашр ва паҳншавии ҳар гуна наворҳои зиддиахлоқиест, ки хоси фарҳанг ва минталитети мо нест.” Ба гуфтаи Афшини Муқим, паҳни ин гуна наворҳо мухолифи қонунҳои амалкунандаи кишвар низ мебошад: “Ин корро қонунгузории кишвар низ иҷоза намедиҳад.”
"Филм"-и силсилавии “Нури наҳзат”, ки иборат аз се қисм мебошад, ҷузъи сеюми он ҳамагӣ ду рӯзи қабл вориди интернет гардида, сархати баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳатто ахиран диски он низ дар бархе аз масоҷиди кишвару хонаҳои сокинон тақсим карда шудааст. Дар ин "филм" бо намоиши наворҳои маҳрамона бархе аз раҳбарони бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди мазаммат ва танқиди шадид қарор гирифтаанд. Дар ин наворҳо таъкид мешавад, ки ин "филм"-и силсилавӣ гӯиё аз сӯи Хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ ба хотири ифшо ва сади роҳ шудани амалҳои бархе аз масъулини ҳизб таҳия мешавад.
Ахиран Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ паҳнкунии ин гуна наворҳоро дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз маҳкум кард. Абдулқодирзода гуфтааст, “ин наворҳо обурӯ ва ҳайсияти мусалононро паст зада, як навъ тарғиби фаҳш ва бадахлоқӣ дар ҷомеаи мусалонии Тоҷикистон аст.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мақомоти зиррабти кишвар даъват кардааст, ин гуна наворҳоро мусодира ва нобуд созанд: “мо ҷонибдори онем, ки натаҳо чунин наворҳои ғайри ахлоқии “Нури наҳзат”, балки ҳамагуна наворҳои ғайриахлоқӣ ва бадномкунандаву пастзанандаи шаъну шарафи миллати тоҷик мусодира ва нест карда шаванд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |