Ҷаласаи навбатии СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон дар Пекин

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба хотири васеъ кардани доираи худ дар садади пазируфтани узвияти кишварҳои нав мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ваозрати умури хориҷии Тоҷикистон, аз 22 то 25 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин, ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон (ГКК) оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон баргузор гардид.
Ба қавли манбаъ, дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешуд, ҷонибҳо мавзӯи “Ҳамкориҳо миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон”-ро низ ба баҳс кашидаанд. Ҳамзамон ҷаласаи ГКК оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон барои баррасии мавзӯи такмил додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии механизми қабул намудани давлатҳои аъзоҳои нав ба СҲШ доир гардидааст.
“Дар ин робита дар рафти ҷаласа лоиҳаҳои таҳрири нави Ёддошти тафоҳуми намунавӣ дар бораи уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои СҲШ ва тартиби додани мақоми давлати аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули ҳуҷҷатҳои мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар дошта шудааст.”-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |