"Республика": Ҳамсари сеюм ва 2 писари раисиҷумҳур кист?

Торнамои “Республика” иддао дорад, ки нусхаи шиносномаи ҳамсари сеюми раисҷумҳури Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев ва ду писари ӯро дар ихтиёр дорад ва онҳоро расонаӣ ҳам кардааст.
Ба навиштаи “Республика”, бори аввал хонандаҳо метавонанд дар мавриди кӯдакони хурди “пешвои миллат” маълумот бигиранд ва аксҳоро бо суратҳои ворисони калони Назарбоев, ки пештарҳо ба интернет роҳ ёфтаанд, муқоиса созанд: “Дар зиндагии Нурсултон Назарбоев асрори зиёде ҳаст, ки имрӯз имкони ошкор намудани яке аз онҳоро дорем”.
Торнамо менависад, перомуни кадом як “Алексей” дар зиндагии Назарбоев қазоқистониҳо бо шарофати сабти суҳбати телефонӣ, ки касе ба интернет гузошт, огаҳ шуданд. Маълум гардид, ин духтари ҷавон ба “пешвои миллат” хеле наздик аст.
Баъдан домоди собиқи Назарбоев – Роҳат Алиев дар як мусоҳиба гуфт, “Ин духтари ҷавонро Тасмагамбетов ва Дусмуҳамбетов шахсан барои Нурсултон интихоб кардаанд. Ин тақрибан солҳои 1999-ум буд. Ӯро маҳз барои Назарбоев “Мисс Қазоқистон” карданд. Назарбоев танҳо пас аз ҷудоӣ бо Гулнора Ракишева бо Асел Исобоева (бо тахаллуси Алексей) наздик шуд”.
Ба иттилои “Республика” баъди он ки Нурсултон Назарбоевро дар майдони хоккей бо писари дар паҳлуяш нишаста акс бардоштанд, сару садоҳо дар бораи зани сеюми ӯ баланд шуд. Баъдан, маълум шуд, ки Асел боз як кӯдаки дигар таваллуд кардааст.
Аммо бовуҷуд маълумот дар бораи зани сеюми Назарбоев кам буд. Ба иттилои манбаъ, билохира дар ихтиёри онҳо нусхаи шиносномаи Асел ба дасти онҳо афтид, ки дар он насаби ӯ акнун Қурмонбоева аст.
“Асел Қурмонбоева (29 октябри соли 1980 таваллуд) ду писар дорад. Калонӣ Тауман (6 апрели соли 2005), ки насабаш Нурсултонули (Nursultanuly) аст ва хурдӣ Байкен (5 декабри соли 2008) насабаш Нурсултон (Nursultan)”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |