Шеъри "Инқилоб"-и Раҳнамо: “Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?”

Нашрияи “Нигоҳ” дар шумораи тозаи худ чанд шеъри иҷтимоии сиёсатшинос Абдулло Ҳакими Раҳнаморо ба табъ расондааст, ки дар миёнашон таронаи “Инқилоб” низ ҳаст. Ин шеъри оқои Раҳнамо таблиғи худшиносӣ, ҳифзи Ватан, омӯзиш, парҳез аз додану гирифтани ришва, шинохти қадри вақту ҳалолкорист.
Абдулло Раҳнамо яке аз донишмандони шинохтаи улуми сиёсӣ ва коршиноси муносибати дину давлат мебошад. Ҳоло ин шеъри ӯ пешниҳоди Шумо карда, барояш дар эҷоди ашъори тоза барор мехоҳем.
ИНҚИЛОБ
Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,
Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,
Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,
Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,
Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,
Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,
Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,
Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,
Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Наҳзати мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,
Мазҳаби мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,
Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,
Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ,
Гар ба ҷои тан кунӣ фикри Ватанро интихоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
То ғуломи нафсу муздури шикам бошем мо,
Дархӯри ҷабру сазовори ситам бошем мо,
Фахр набвад, ориёӣ ё аҷам бошем мо,
Фаҳш агар ин аст, маҳкуми адам бошем мо.
Гар ҷавонеро раҳо бахшем аз бангу шароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,
Инқилоби Шом ними халқро овора кард,
“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,
Инқилоби Украина мулкро бечора кард,
Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,
Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |