ВКД дар бораи марги як сокини Исфара дар ҷанг алайҳи Башор Асад

Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз сӯи нерӯҳои давлати Сурия дар яке аз навоҳии ин кишвар кушта шудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Иброҳимов 22 марти соли ҷорӣ ҳангоми набардҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҷон бохтааст.
Масъулини ВКД мегӯянд, ин сокини ноҳияи Исфара моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистонро ба нияти Русия тарк мекунаду баъдан бо даъвати хоҳараш, ки ба яке аз сокинони Сурия ба шавҳар баромадааст, озими ин кишвар мешавад. Маъмурини Вазорати умури дохилии кишвар, ки зимни барномаи телевизионии “Сипар” дар ин бора хабар медоданд, инчунин, аз иштироки дигари як сокини 27-солаи Исфара дар ҷангҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор иттилоъ доданд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Илҳом Ҳакимов ном бурда шуд, ҳамроҳи зану фарзандаш ҳоло дар Сурия ба сар мебарад.
Дар барномаи “Сипар” ду бародари Илҳом Ҳакимов – Нуриддин ва Қаюм низ ин хабарро таъйид карда, иқрор шуданд, ки онҳо барои инқоли зану фарзанди бародарашон ба ӯ кумак кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оилаи Ҳакимов тавассути қаламрави Русия ва Туркия вориди Сурия шудаанд. Ҳакимовҳо мегӯянд, гӯиё бародари хурдии онҳо дар охирин боздидаш аз ватан ба онҳо иқрор шудааст, ки дар ҷангҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад иштирок дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |