Нороҳатии сокинон аз қубури кафида ва бӯи баде, ки аз он берун меояд

Сокинони биноҳои баландошёнаи атрофи бозори “Деҳқон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе, аз бӯи баде, ки дар пайи кафидани қубур берун меояд, шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ин ҳолат муддати бештар аз ду ҳафта боз идома дорад, аммо то ҳол касе чораи ин қубури кафидаро наандешидааст.
Бархе аз сокинони ин минтақа бо “Озодагон” дар тамос шуда гуфтанд, қубур дар наздикии растаи меваю сабзавотфурӯшон ҷо дорад ва бӯи бадаш на фақат онҳо, балки харидоронро низ нороҳат кардааст. Даврон Нӯъмонов, ҳамсӯҳбати мо, гуфт, “аз се тарафи растаи мевафӯрушон оби ғализ баромада, ҳамаро ба ташвиш овардааст. Се ҳафта мешавад, ягон нафар чорае намебинад, ҳарчанд савдогарон ба болои қубури кафида қуму санг рехтаанд. Баъд аз як ҳафта ҳаво гарм мешаваду пашшаҳо аз болои оби ифлос ба рӯи меваҳо менишинанд. Магар онҳо ба саломатии мо ва кӯдаконамон таъсир надоранд?”
Ҳақдод Сафаров, муовини раиси бозори “Деҳқон”, дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, қубури кафида аз бозор дуртар буда, таъмири он ба ӯҳдаи онҳо нест. Вале ӯ афзуд, “худи ҳамин рӯз кӯшиш мекунем ба Хоҷагии обу корез ва ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ барои таъмири қубур муроҷиат кунем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |