Шикояти Амирбек Суфиев аз болои раҳбари “Умед-88” ба Эмомалӣ Раҳмон
Сармуҳосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурӯши сузишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, аз сӯи раҳбарияти ин ширкат таҳти фишору таъқиб қарор дошта, алайҳи ӯ иттиҳомоти зиёде равона карда шудааст. Амирбек Суфиев, сармуҳосиби ин ширкат бо ирсоли номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон талаби кумак карда, ба хотири мунсифона ҳал шудани моҷарояш қазияи ӯро таҳти назорат худ қарор диҳад.
Дар номаи Суфиев ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дастраси расонаҳо низ шудааст, аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби Олӣ ба Шумо ҳамчун падар муроҷиат менамоям, ки кори маро Додситонии кулли кишвар дар чаҳорчӯби қонун омӯхта, хулоса пешниҳод намояд. Чунки ман дар оилаи камбағал ба дунё омадааму модари пир дорам ва ягона нафари таъминкунандаи оила ба ҳисоб меравам.”
Ба гуфтаи Суфиев раҳбари ширкати “Умед-88” гӯиё ӯро дар азхудкунии маблағи ҳаҷмаш ниҳоят калон муттаҳам намуда, аз болои ӯ ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Суфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми бофта паси панҷара андозанд.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, вале гӯиё ба ҷони худу пайвандони дар Ватан боқӣ мондааш, эҳсоси хатар дорад. Суфиев дар шарҳи гуфтаҳояш илова намудааст, “дар ҳоле маҷбур шудам Ватанро тарк кунам, ки раҳбарияти “Умед-88” ба ман ҳушдор дода, гуфт, ҳамаи корҳои маро ҷобаҷо мекунӣ аз бонк як миллиону дусад ҳазор доллари амрикоӣ аз ҳисоби амволи худат барои корхонаи ман мегирӣ ва баъд аз Тоҷикистон баромада меравӣ."
Сармуҳосиби “Умед-88” мегӯяд, ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, соли 2011 барои кор ба ин ширкати маъруф даъват шудааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва бино ба иттилои худаш феълан дар Русия ба сар мебарад.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаббатшо Баллаев, мудири шуъбаи ҳуқуқии ширкати "Умед-88", тамоми иддаои Амирбек Суфиевро рад кардааст. Ӯ дар номаеба унвонии мо навиштааст, "баъд аз он ки фахмидем, Суфиев гурехтааст, бо ариза ба макомоти қудратӣ муроҷиат намудем. Ариза мавриди баррасӣ карор дорад ва бинобар фош накардани сирри тафтишот ҳоло аз шарҳи пурраи он худдорӣ менамоем. Амирбек Суфиев агар гунахкор набошад, мархамат ба Тоҷикистон омада, бегунохии худро исбот намояд. Аммо ӯ медонад, ки гунахкор аст ва ба ин хотир аз дур бо аризаҳои туҳматомез репутатсияи кории ширкати моро мехоҳад паст занад. Ин амали ӯ ба намакдон туф карданро мемонад. Оид ба он ки дар Тоҷикистон мондани ӯ ба ҷонаш хатар дорад, бори дигар тӯҳмат будани суханони Суфиевро исбот менамояд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |