Созмонҳои журналистӣ: Соати 9:45 лаҳзае сукут кунед
Се созмони журналистии Тоҷикистон аз раҳбарони идораҳои ВАО-и Тоҷикистон хостаанд, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот аз чанд иқдом пуштибонӣ намоянд.
Дар номае, ки Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон унвонии нашрияҳо ирсол кардаанд, хоҳиш мешавад, то нашру пахши силсилаи барномаву матолиб перомуни вазъи озодии сухан ва муаммову пешомадҳои он роҳандозӣ шавад.
“Ба хотири гиромидошти ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён, аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизион эълон намудани Лаҳзаи сукут дар рӯзи 3 май, соати 9:45. Бо ин мақсад, дар саҳифаи аввали нашрияҳоятон ҷумлаи “Ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён гиромӣ бод!”-ро бо ҳуруфи калонтар ба табъ расонед”,-омадааст дар нома.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |