Қатли як сокини Хуҷанд ба дасти шавҳараш... аз рашк
Як сокини 35-солаи шаҳри Хуҷанд бар асари рашк завҷаи худро ду бор корд зада, ба қатл расондааст. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд мегӯяд, ин воқеа рӯзи 22 апрел дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд иттифоқ уфтодааст.
Ба қавли манбаъ, Толибҷон Сангинов ҳамсараш Шоҳидахон Сангиноваро ба далели рашк доштанаш ду бор бо кор ба қафаси сина ва тахтапушташ зада, ба ҳалокат мерасонад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. “Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбаршуда Толибҷон Сангинов муайян ва дастгир шуда, аз ӯ далели шайъӣ (корди хоҷагӣ) гирифта шудааст”,-афзуд манбаъ.
Зимнан, қайд гардид, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор, павранда боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |