Бахшҳо
24 апр 2014 09:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шаҳбол, сарбози маъюб, 28 апрел барои табобат ба Русия меравад

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ барои табобат ба яке аз бемористонҳои ҳарбии Русия, воқеъ дар Красногорск, меравад. Падари Шаҳбол дар тамос бо “Озодагон” гуфт, ҳоло барои сафарашон билети ҳавопайморо гирифта, тамоми ҳуҷҷатҳоро омода мекунад.

Нуъмон Мирзоев афзуд, аз ҳисоби худ барои сафарашон се билет харидааст, ки қиматаш беш аз 6 ҳазор сомонӣ мебошад. Ба қавли ӯ, то кунун барои табобати писари маъюбаш, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ аз сӯи фелдшер Усмон Ғайратов гарданаш шикаста ва сутунмуҳрааш осеб дидааст, масъулони нерӯҳои марзбонии кишвар кумак накардаанд. “Як заминамро дар Ашт фурӯхта, бо ёрии дӯстону наздикон Шаҳболро барои табобат мебарам”,-афзуд Мирзоев.

Вай дар ин сӯҳбат ба онҳое, ки аз аҳволашон пурсида, заррае ҳам бошад ёрӣ кардаанд, изҳори сипос намуд. Мирзоев гуфт, дар ҳисоби бонкии Шаҳбол дар “Агроинвестбонк” низ афроди гуногун тақрибан сесад доллар гузоштаанд. Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, вазъи Шаҳболро хуб арзёбӣ карда гуфта буд, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст.” Ин дар ҳолест, ки мутахассисони беморхонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе, ки бо номи “бемористони эрониҳо” маъруф аст, вазъияти Шаҳбол Мирзоевро вахим арзёбӣ карда, гуфтаанд, ҳатто баъд аз ҷарроҳии аввалия низ ба по хестани ӯ имкон надорад.

Онҳо мегӯянд, "ин ҷарроҳӣ бояд бо ҳадафи пешгирӣ аз аворизи мухталиф, ки ҷароҳати бардоштаи бемор дар ноҳияи гардан метавонад дошта бошад, анҷом дода шавад. Чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ дафъатан ба по мехезад ва ба зиндагии фаъол бармегардад, дуруст нест.”
Мӯҳр
Ин басо аламовар аст, ки фарзандатро бо ифтихори баланд ба сафи аскари фиристиву боз замину хонаву даратро фурухта, уро табобат куни.
Оё ин давлат сохиб додша бошад?
пас чи гуна волидайн бо дили пур фарзандашонро ба хизмати Ватан фиристанд? Шахсан ман баъд аз ин ходиса хатман фарзандамро мегурезонам.

Вой бар холи миллату давлат! Баъд аз чунин ранг гирифтани кор бо кадом тарз хиси ватандустиро дар дили мардум бедор мекарда бошанд? Чигуна чалби мачбири ба сафи кувахои мусаллахро (облаваро) аз байн мебурда бошад?

Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам? ...
Афсус, ки чунин сарвархо дорем ! Чи бояд кард? Магар ин холаст? Магар ин зиндагист? Чаро мо хомушем?

синои кулоби
Ман ба падари сарбоз пешниход карданиям ки як маротиб ба призидент мактуб нависад агарчанде ки у даракдор аст лекин барои дар хукумати у чунин вокеъ сар зада аст ва у хамчун призиденти "интихобшуда" мавкеи худро муайян кунад ба хамаи шахрвандон ва мо тарики ин сомона даракдор шавем. Чунки имруз фарзанди шуморо карданд фардо аз дигариро мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)