Бахшҳо
23 апр 2014 22:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси картошка, ҳисоботи бардурӯғ ва “срок”-и раисони шаҳру навоҳӣ

Дар пайи болоравии ногаҳонии нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, аз тамоми раисони шаҳру навоҳӣ афзоиш додани майдони кишти ин зироатро талаб кардааст. Ӯ дар ҷаласаи корие, ки 23 апрел бо ҳузури аъзои ҳукумат ва раисони вилояту шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд, хостааст, аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.

Баҳси картошка ва таъкиди раисиҷумҳур ба ҳисобтдиҳии бардурӯғу изофанависӣ дар ҳолест, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад ва Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид.

Ҳоло нархи як кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон аз чор то чоруним сомонӣ арзиш дорад ва тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи ин навъи маҳсулот ба коҳиши воридоти он аз Покистон рабт дорад.

Дар идомаи ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи офати табиии пешомада дар бархе навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ ва Ҳамадонӣ дахл карда, барои бартарафсозии оқибатҳои он дастур додааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо то 10 майи соли ҷорӣ муҳлат додааст, то барои навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ҳисобот пешниҳод карда, нақшаи бунёди боғҳоро низ дар дастуркори худ қарор диҳанд.
Мӯҳр
Махмадулло
Худо кунад, ки миробхо бо бахонаи напардохтани андози об (дастури нав: аз ахоли квитанцияи пардохти андоз аз оби полези барои солхои 2009-2013 талаб намоед, (агар квитанцияхояшонро нигох надошта бошанд бо ин бахона дубора андоз ситонида шавад) обро ба чуйхои дехот катъ намудаанд. обанбор ки надорем об ройгон ба кишвархои поёноб рафта истодааст. КАРТОШКАИ МО БЕ ОБ МОНД зоминии замин дар сари раиси нохия!!!

хонанда
Озодагон илтимос ягон маводе чоп кунед, ки дар дигар расона набошад...

амир
Хисоботи бардуруг на танхо дар кишоварзи балки дар дигар сохахо низ чой дорад. Ин раисони мо барои ширин кардани худ дар азди ЧО хисоби бардуругро пешниход мекунанд. хатто ин хисботро кумитаи омор насанчида гузориш пешниход мекунад. элементарно агар хисобот нодуруст бошад пас камбудии ин ё он сохаро пайдо кардан номумкин аст. Хочахо илтимос дуруст хисобот дихед то бифахмем, ки чи камбуди дорем ва дар оянда онро чи гуна ислох намоем.барои хамин бо хисоботи бардуруги шумобаринхо Точикистон пеш намеравад.

КИЧкинтой
ДУРӮҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРӮҒ! Садқаи вазифа шави, дар бозор картошкаи ПОКИСТОНИ, халқ маҷбур харида хурдост ва ин картошка манбаи касалии саратон мебошад, чаро ки заминҳои атрофи Исломобод, Лоҳур саропо радиатсия мебошад, ин хеле вазири бепарворо ба ҷавобгари бояд кашид лекин афсус ки...

Аслан вазорати кишоварзи чи кор мекунад, ягон кас медонад? Чи даркор ба мо чунин вазорату садхо бекорхучахои галстукдори ин вазорат аз Рахбар сар карда? Кани хамаи онхоро се мох ба рухсати чавоб дихед-чи, ягон чиз тагйир меёбад дар Точикистон? НЕ! Корашон факат дуругнависи ва пулчамъкуни!

Мухридин
Дар даврони Шурави барои изофанависи хам аз партия озод мекарданду хам делои чинояти мекушоданд. Майлаш барои Косим Рохбар дело накушоед, аккалан як сол ба рухсатии бемузд фиристонедаш то ба тарафхои хорича тамошо равад. Баъди як сол бинед истехсоли картошка санд мешавад.

Монед хамин дехкони бечора хам аз хамин кимати истифода бурда, картошкаи бо азобу машаккати зиёд истехсолкардаашро акалан бо ними нарх фурушад. Бечора мехнати зиёд мекунаду дар мавсими хосилгундори бо нархи ночизе онро мефурушад, баъзан вакт харочоташро хам намепушонад. Шояд омори пешниходшуда то андозае ба дурусти наздики дошта бошад, яъне дехкони мо мехнат карда истодааст. Ин чо айбу гунохро сари муассисахои захира ва нигохдории махсулоти хочагии кишлок задан даркор аст,зеро дехкон хамаи махсулоти истехсолкардаашро захира карда наметавонад. Шояд сабаби дигари киматии махсулот ин гарм кардани бизнеси худи масъулин бошад. Онхо интизор мешаванд, то махсулоти захиракардаашон ду-се маротиба кимат шаваду баъд онро ба фуруш бароранд ва аз хисоби халки мазлум маблагхои бедардимиён ба даст биёранд.

kosim ba istefo-navbatat omad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)