Ташвиш аз омадани мардони муҷаррад ва издивоҷашон бо духтарони қирғиз
Як вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, аз ин ба баъд танҳо ба мардони оиладор иҷозаи кор дар кишвараш дода шавад.
Миктибек Абдилдаев, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби “Ота-Ҷурт”, рӯзи 23 апрел дар парлумон гуфтааст, “бояд танҳо ба мардони оиладор иҷозаи кор дар Қирғизистон дода шавад.” Ба гуфтаи ӯ, дар ғайри сурат, мардони муҷаррад бо духтарони қирғиз оила барпо хоҳанд кард, ки мунҷар ба вайроншавии насли онҳо мешавад.
“Бигзор танҳо мардони оиладор ба Қирғизистон оянд, чун агар мо ба нафарони муҷаррад роҳ диҳем, онҳо дар инҷо бо духтарони мо издивоҷ карда, насли миллатамонро вайрон хоҳанд кард”,-таъкид доштааст ӯ. Ин пешниҳод аз сӯи Абдилдаев дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳамтоёни ӯ масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Қирғизистон оид ба захоири маъданро баррасӣ мекардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |