Дар се моҳ нақзкунандагони қонуни танзимро 600 ҳазор ҷарима бастанд
Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба буҷаи давлат ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби нақзкунандагони қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ворид шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 161 ҳолати нақзи қонуни танзим ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо 594 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар хабар медиҳад, нақзи қонуни мазкур бештар дар вилояти Суғд мушоҳида шудааст, ки 69 ҳолатро дар давоми се моҳ дар бар мегирад. Ба қавли манбаъ, дар вилояти Хатлон 57 ҳолат, дар шаҳри Душанбе 18 дар навоҳи тобеи марказ 17 ҳолати вайронкунии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Кумитаи дин аз афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни мазкур нигаронӣ карда, гуфта буд, танҳо дар моҳи январи соли равон 57 ҳолати нақзи қонуни танзими расму оин сабт шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013, 29 ҳолат зиёд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |