Навбату кашмакаш дар пушти дари Сафорати Русия. Аз Ватан чаро мераванд?
Як гуруҳ сокинони Тоҷикистон, ки дар пайи дарёфти шаҳрвандии Русия мебошанд, мегӯянд, далели аслии рафтани эшон аз Ватан гурез аз фақру камбизоатӣ ва бекорист.
Ин шаҳрвандони кишвар, ки ҳар рӯз субҳи худро пушти дари даромадгоҳи Сафорати Русия дар Душанбе сипарӣ мекунанд, мегӯянд, аз зиндагӣ дар кишваре, ки ба ҷуз наздикону пайвандони шахси аввал ҳама фақиру нодор мебошанд, хаста шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз рӯзҳои истироҳати ҳафта дигар ҳар рӯз аз соати 7 то 10 пушти дари Сафорати Русия дар Душанбе пур аз одам аст.
Яке аз гирдомадагон гуфт: “Ҳар рӯз ин ҷо таҷаммӯи зиёди одамон аст. Албатта, мо, ки ҳанӯз фарҳанги навбат истоданро надорем, гоҳе шоҳиди кашмакашу танишҳои забонӣ низ мешавем.” Нафари дигар, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, “баъзан аз амали бархе ҳамватанон нангам меояд, чун хаёл мекунам масъулини сафорати рус аз дохил ба аҳволи мо назар карда, механданд. Ҳарчанд ҳоло шумораи гирдиҳамомадагон кам ба назар мерасад, вале ба ҳар сурат мисли як шахси бефарҳанг рафтор мекунанд.”
Дар ҳоле ки сокинони кишвар аз муддати тӯлонӣ истодан пушти дари сафорати Русия ва рафтори бади бархе афрод шикоят доранд, Елена, як хонуми руси муқими Тоҷикистон мегӯяд, баъзан масъулини сафорат сарбозони рус ва онҳоро бидуни навбат қабул мекунанд: “Ду-се рӯз пеш як нафар аз муддати зиёд навбат истодан хаста шуду талош кард, бидуни навбат аз болои мардум гузарад, вале ба замин ғалтиду дасташ шикаст.”
Дар ҳамин ҳол, яке аз шаҳрвандони рустабори дигари кишвар аз баъзе талаботи масъулини дипломатҳои Русия, ки мухолифи гуфтаҳои Кремлин аст, норозӣ мебошад: “Ман худ тотор ҳастам, соли 1996 тамоми афроди оилаи мо, ба ҷуз ман ба Русия кӯч бастанд. Чанде қабл хабар ёфтам, ки қонун дар бораи соддатар кардани дарёти шаҳрвандии Русия ба имзо расидааст. Вале чун ба инҷо омадам, инҳо мегӯянд, русзабонҳои ба мисли ман бояд як муддат дар қаламрави Русия зиндагӣ намоянд. Дар ҳоле ки дар қонуни қабулшуда ин чиз гуфта нашудааст.”
Ӯ мегӯяд, “намедонам, дар ҳоле ки мо русзабонҳо наметавонем ҳатто дастрасӣ ба умури фаҳмондадиҳии сафорат дошта бошем, тоҷикон барои чӣ мехоҳанд ба Русия раванд.” Аксар нафарони ҷамъомада дар назди Сафорати Русия дар Душанбе бар инанд, ки бо дарёфти шаҳрвандии ин кишвар мушкили онҳо рафъ хоҳад шуд ва онҳо аз Ватани бепулу ҷои кор халос мешаванд.
Як ҳамсуҳбати мо, ки ба шарти ифшо нашудани номаш розӣ шуд ибрози назар кунад, гуфт: “Худ қазоват кунед, дар Тоҷикистон ба ҷуз мансабдорон ҳама фақиру бечораву бехонаву даранд. Ҳама ба Русия мераванд. Хуб, дар сурате ин хел ҳаст, пас, чаро барои гирифтани шаҳрвандии Русия талош накунем. Дар ҳоле ки бо доштани шаҳрвандии ин кишвар мо метавонем озод бидуни тарсу ҳарос аз кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷои кор пайдо кунему ризқу рӯзии фарзандонамро таъмин намоем. Барои мисол, ман дар яке аз мағозаҳои шаҳри Маскав кор мекунам, агар ман бемор шавам, суғуртаи ман метавонад, хароҷоти табобати маро рӯпуш кунад. Барои ман роҳаттар аст зиндагӣ дар Русия нисбат дар Ватан ва зери азобу машаққати камбизоатӣ.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |