Талаби Шабдолов барои гузоштани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар рӯзи таваллуди Ленин, ки ҳамасола 22 апрел таҷлил мешавад, аз мақомоти кишвар хост, барои гузоштани ҳайкали ӯ дар маркази Душанбе бикӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳайкали доҳии коммунистҳо, ки ҳашт соли пеш аз маркази Душанбе барчида шуда буд, ҳоло дар анбори Вазорати фарҳанг дар ҳоли ногуворе қарор дорад.
“Ҳамон рӯзе, ки муҷассамаи Ленин дар Душанбе дубора барқарор гардид, фаҳмед, ки тағйироти ҷиддӣ ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам берунӣ мешавад”,-мегӯяд Шабдолов. Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон дар идома гуфт, ин ҳайкали Ленин ҳамагӣ баъд аз як соли ташкил ёфтани Тоҷикистони Шӯравӣ ба кишвар оварда шудааст ва бояд дар ҷои муносибе ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз мешуд.
“Ин ҳайкали нахустини Ленин дар Осиё буд, ки 8 сол мешавад, дар анборхонаи Вазорати фарҳанг хоб аст. Нусхаи дуюми ҳамин ҳайкал дар Санкт-Петербург аст, ки онро хуб нигоҳ медоранд. Ин хел муносибат кардан зарур аст. Ба ҷуз ин, дар Финландия ва Ҳиндустон низ ҳайкали Ленин то ҳол пойбарҷост. Дар мо шарм мекунанд аз дасти росте, ки роҳи ростро барои мардуми заҳматкаш нишон медиҳад. Ба нафаре муҷассамаи ин шахси бузург маъқул набошад, наздаш наравад. Монанд, ки мо онро дар ҷояш гузорем”,-таъкид кард ӯ.
То чанд соли пеш ҳайкали Владимир Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳон, дар марказҳои аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон вуҷуд дошт ва ба қавли Шабдолов бо дасти росташ мардумро раҳнамоӣ мекард. Вале ҳоло ин муҷассамаҳо як-як ҷои худро ба Исмоили Сомонӣ, парчаму нишони миллӣ ва шоирону шахсиятҳои шинохтаи тоҷик додаанд.
Кандани ҳайкали Ленин, дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ, нахуст аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 шурӯъ шудааст. Тасмими баркандани ин ҳайкал бо қарори шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов сурат гирифта, эътирози густурдаи коммунистҳоро ба вуҷуд овард ва Қадриддин Аслоновро аз мақомаш барканор кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |