Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Тобути Маҳмадкарим ва Ҳасан, муҳоҷирони кушташудаи тоҷикро ба Ватан оварданд

Субҳи 22 апрел тобути Маҳмадкарим Ҷалилови 32-сола, сокини деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, тавассути ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ба қавли наздикони Ҷалилов, ӯ шаби 18 апрели соли ҷорӣ аз сӯи миллатгароёни рус дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна ба қатл расидааст.
Қурбонбек Ҷалилов, падари марҳум, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш дар ноҳияи Богородский, наздикии метрои “Подбельский”, ҳангоми бозгашт аз фурӯшгоҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи Қурбонбек, Маҳмадкарим се сол боз дар Русия аз пайи дарёфти рисқу рӯзии фарзандонаш буда, тайи як ҳафтаи охир ҳамроҳ бо падараш фаъолият доштааст.
Маҳмадбек, ки барои қабули тобут ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буд, дар сӯҳбат бо мо марги бародарашро “тақдир” номид. Ӯ гуфт, ду рӯз пештар як додараш, ки ҳамроҳи Маҳмадкарим дар Русия буда, вале аз чанги миллатгароён халос хӯрдааст, ба Тоҷикистон омадааст. “Ба бадани Маҳмадкарим чаҳор бор корд задаанд, ки то замони омадани Ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст”,-гуфт Маҳмадбек.
Ҳамроҳи ҷасади Маҳмадкарим боз як тобути ҷавони 27-солаи тоҷик низ аз Русия ба Ватан оварда шуд. Ҳасан Алиев, ки зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошад, панҷ моҳ пеш дар дохили мошинааш кушта шудааст. “Пас аз он ки ӯро бо зарби корд куштанд, ҷасадашро месӯзонанд. Тӯли панҷ моҳ боқимондаҳои ҷасади ӯро дар лаборатория ташхис карданд ва ҳоло ба кишвар оварда шуд”,-гуфт бародараш, ки дар фурудгоҳ бо ӯ вохӯрдем.Дар акс: Маҳмадкарим Ҷалилов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |