Беш аз 65 ҳазору 690 сомонӣ барои ивази ному насаб дар Панҷакент
Шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои ивази ному насаб дар моҳи марти соли ҷорӣ беш аз 65 ҳазору 690 сомонӣ супоридааст.
Тавре аз ҳукумати вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба «Озодагон» иттилоъ доданд, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент дар моҳи марти соли 2014 аз ҳисоби боҷи шаҳодатномаҳои такрорӣ ва иваз намудани ному насаб ба буҷаи маҳаллӣ 65 ҳазору 695 сомонӣ ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 100 сомонӣ зиёд будааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, кормандони бахши мазкур давоми соли 2014 дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот якчанд ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтаанд, ки аз ин шумора 1362 адад сабти таваллуд, 270 адад сабти вафот, 82 ҳолат бекор кардани никоҳ ва 323 ҳолат ивази ному насаб аст.
Ёдрас мекунем, дар баробари шаҳрвандон мақомдорони вилояти Суғд, аз ҷумла раисони баъзе шаҳру навоҳӣ, низ дар маъракаи тоҷикӣ кардани ному насаб, ки аз аввали соли равон густариш ёфтааст, дар сафи пеш қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |