Арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ тӯли як ҳафаи ахир бошиддат дар ҳоли коҳишёбист.
Имрӯз дар биржаҳои ҷаҳонӣ арзиши як тонна пахта аз 2 ҳазору 992 дорллар ба 2 ҳазору 987 доллари амрикоӣ поён рафт. Ҳафтаи гузашта як тонна пахта дар бозори ҷаҳонӣ 3 ҳазору 112 доллари ИМА-ро ташкил медод. Акнун ин рақам рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Коршиносони тоҷик роҷеъ ба таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон назарҳои мухталиф доранд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, аз баски пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, коҳиш ёфтани арзиши он ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи иттиллои вазорати кишоварзӣ имсол нақшаи дурнамои кишти пахта 210 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад. То миёнаҳои моҳи июн дар кишвар 203 ҳазору 641 гектар замини пахта кишт шудааст. Тибқи иттиллои расмӣ, имсол майдони кишти пахта нисбати соли гузашта 40 ҳазор гектар зиёд шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле майдонҳои кишти пахтаро зиёд кардааст, ки арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ ҳар лаҳза коҳиш ёфтан дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр