Бахшҳо

Зоиров: Яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Айнӣ гузошта шавад

Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳод кардааст, ки яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шаванд. Ин нуктаро номбурда зимни маросими ёдбуди Устод Айнӣ дар шаҳри Теҳрон иброз доштааст.

Ӯ афзуда, ки “ин амр дар таҳкими дӯстии ду миллати бародари тоҷику эронӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, чун дар Тоҷикистон чандин шаҳру ноҳия ва муассисаҳои пажуҳишию хиёбонҳо ба номи адибони эронӣ номгузорӣ шудаанд”.

Ба қавли мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон, Устод Айнӣ ҳамзамон бо Нимо Юшич, падари шеъри форсии Эрон аввалин бор шеъри сафед сурудааст. “Ҳамаи форсизабонони Осиёи Миёна дар амри ташкилшавии давлати Тоҷикистон мадюну марҳуни ин донишманди фарзона ҳастанд, зеро Устод тани танҳо бо мухолифон мубориза намуд ва бо қалами бурроаш дар шаклгирии давлати навпои Тоҷикистон ҷонашро ба гарав гузошт”,-афзуда ҷаноби Зоиров.

Маросими ёдбуд бо ибтикори Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё (ИРАС) ба муносибати зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ баргузор шуда, дар он шахсият ва мақомҳои дипломатии муқими Теҳрон, рӯзноманигорон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён ширкат доштаанд.
Мӯҳр
.
Айни барои Эрон чи хизмат карддаст ки ба номаш кучаро ном гузоранд? Вообще чи хизмат кардааст? Хайр як ду китоби шаклан милливу мазмунан социалисти навиштааст. Дигар хеч чиз.

Dev
.,
Hamun "du kitobi shaklan" milliro digar hej tojik nanavist to in dam!!! Ajni bud ,ki zaboni nobi porsi injo to hol sado medihad(na uzbakii...), u bud,ki dar bajni turknazhodon jon ba kaf muboriza burd, baroi yagonagivu yakporchagii millati mo...hizmathoi Ajni na tanho baroi millati tojik bud, balki baroi tamomi porsigujon bud, chun mo tojikon yak gushai farhangi ironem...Agar hizmati Ajniro tu nadoni pas rav az hamsoyai uzbakamon purs! Dar kitobi adabijoti onho niz Ajni hamchun boboi shoir, donishmandi uzbak omadaast, garchande kalima ba uzbaki nanavistaast.

xati forsiro hamin ainiaton az bain burd.

Узб.афкану дохгурез
Айни барои Эрони имруза не... барои эроният яъне мардуми ориёи хидмат кардааст ва дар замонаш ба онхо сахехтараш ба донишмандони онхо насихатхои фаровоне карда онхоро барои даст кашидан (то хадди лозим албатта) аз вожахои гайр фарохондааст.. аммо афсус насихатхои Айния Шумо бародаро намегиред чи бирасад ба эронихо .. барои оне ки гуфтааст: хатти порсиро Айни бурд азбайн.. агар бурда бошад хам хеле хуб кардаст аммо Айни то ун андоза дар он замони дохундапарвару узбаксолор ва асилзодашикану чавонмардафкан дар хадде набуд ки хатро иваз кунад.. зеро Айни гавхаре буд ки Парвардгор дар хамон замон зинда нигохаш дошт то мисли Данко калби худро барканад ва ба дохундахо нишон бидихад ки узбак чи махлукест..ва агар иваз карда бошад фарзан бигирем бар фоидаи Шумо боз хам шудааст зеро хаммат а я а бе фарк намекардед имруз бай мара бо завон буроварде..

Худованди Карим Устод Айниро сабаб гардонид ки мо имруз. ақалан дар як пораи замини Тоҷикон ҳам бошад. давлат дорем ва ба озоди ба забони модариамон ки Тоҷики Форси аст мехонему меомузем. Агар муборизаи Айни намешуд шояд мо имруз мисли 10 милён Тоҷикони Узбакистон забонгумкардаю ҳайрон мемондем. Сипос надоштани хидмати Устод Айни ҷаврест ба тарихи Тоҷикони гузаштаю имруза.
Зимнан. банда аз ҳамватанони худ хоҳиҳ мекунам ки барои ман дуъои нек кунанд то ман битавонам рисолаи номзадии худро дар риштаи дуктурои забони Араби дар бораи ҳаёт ва афкори устод Айни ба хуби ба поён бирасонам

Сафар
Бародари азиз узбак устод Айни барои миллати точик хизмат кардааст на барои Ирон.Ирон замони устод Айни аллакай революцияи буржуазии солхои 1907-1908 ро аз сар гузаронида.аз солхои 1830 сар карда дар Ирон китобхои нависандагони англис,фаронсави,испани ва гайрахо дар тарчума бо форси чоп мегаштанд.Хамчунин сар карда аз асри 19 рузномахои ирони чоп мешуданд.Мардуми Бухорои шариф бар асари чахолатхои мазхаби ва зери таъсири туркхо рузномахои форсиро намедонистанд ва аз рузномахои тоторхо ва туркхо истифода бурда,фуру аз соли 1505 бо давлатро гирифтани узбюакони Шайбони муддат зиёда аз 400 сол равобитхои фарханги кариб пурра катъ гашта.равобитхои фархангии хилофати турки дар аморати Бухоро реша давонида буд.Давлати Точиконро бошад на устод Айни балки ду точики сарбаланд устод Нусратулло махсум аввал чумхурии мухтор ва Шириншо чумхурии иттифоки карданд.

Бародари ази узбак устод Айни ягон вазива ва кудрати сиёси надошт, ки хати форсиро аз байн барад ва ё онро монад. Ин корро сиёсатмадорони калони большевикии Кремлин анчом медоданд.Ин суханхои шумо хандаовар хастанд.

Асрор
Зоиров ба устод Айни аз будаш зиёд бахо надихед.Ташкил намудани Точикистон пеш аз хама ба фарзонамардони сиёсат Нусратулло Махсум ва Шириншох Шохтемур дахл дорад.Он хизмати усто Айниро хамчунин устод Лохути низ дар абабиёт ба ин миллат кардааст.Вакте,ки Нусратулло Махсум ва Шириншох Шохтемур дар доираи сиёси ба Сталин ва ВЦИК-и СССР нома менавиштанд ин мардум дар кучо буданд.Китоби намуеахои адабиёти точик баъди 2 соли ташкилшавии Точикистон,яъне соли 1926 чоп шуд(агар соли 1923 нашр мешуд мегуфтем,ки сабабгори ташкилшавии Точикистон ин китоб аст).Ба хизмати хар шахс бахои вокеъи бояд дод.Бовари дорам,ки агар Нусратулло Махсум ва Шириншох Шохтемур аз дигар минтакахо мебуданд хайкалхои тиллои онхоро гузошта,онхоро на кахрамонони 5 ва 6 уми Точикистон,балки кахрамонони 1 ва 2 и Точикистон эълон мекарданд.Чун онхо точики асли кухистонианд ва дар чанги точиккушии соли 1992 махз хамдиёрони ин барпокунандагони бархаки Точикистон катли ом гардиданд аз ин ру аз руи бадбини кахрамондихии онхо ба дарозо кашид.БЬовари дорам,ки ин харду барпокунандагони Точикистон агар зинда мебуданд аз дахшати ба мардуми диёр овардаи душмаони точик ба шигифт омада,аз ташкилкунии чунин давлат сахт пушаймон мешуданд.Махз барои ташкил намудани Точикистон ва зарбаи сиёси задан ба пантуркистон ин ду рохбалади миллати точик бо пешниходи пантуркситон соли 1937 кушта гардиданд!

.
Сафар,

Аз як тараф мегуи ки айни кувва надошт то хатти форсиро аз байн бибарад. Аз дигар тараф мегуи ки хамин Айни буд ки бо туркхо мубориза карда забони точикиро чори кард. Фикри ман Айни умуман аз дасташ чизе намеомад гайр аз навиштани чор китоб дар хошияи идеологияи коммунисти.

Сафар
Бародари азиз хизмати устод Айни барои миллати форсизабони Осиёи Миёна,дар мухити туркон ва иделогияи турки-исломи,ки точики бесавод ва\ асолатбохтаро ба як рухи бехис ва манкурт табдил дода буд сахт калон аст.Адабиёти форсии Осиёи Миёнаро дар Аморат бо дигар удабои форсизабон нигох доштанд.Ёддоштхоро оиди таърихи мазхакавии мангитиён навишт,ки он беназир аст.Хайр сиёсати давр буд,сиёсати империя буд ин сиёсати фиркаи бошевики онро дастгири намекард агар китобхошро чопнамекарданд ва барои болшевикон чадид эълом мешуд.Дар чунин вазъ сиёсатро ба кор бурдаву эчод кардан низ кахрамонист.

Ба Сафар
Набошад биёед Хофизу Саъдия аслан Точикистона надидаги хастанд аз адабиёт гирифта партоем.. адабиёт машмули як миллати хамфарханг ва хамзамбон мешавад.. ё хамин нодирпура ки ними шоирои шуравии точик аз вай илхом гирифта шоир шуданд.. хеле хунари шеърии паст доштанд аз чанд тан мисли Нодирпурхо шеъра аслаша фахмиданд .. ин чои бахс нест.. Айни дар як гушаи дунё барои зинда мондани забони форсии дари ё хамин точики хидмат кард бояд арч гузошта шавад хадди акал набояд тахкир шавад.. тахкир гунох аст..( Шумо боз мусулмонитон кавитар аст медонед) дар тамоми каламрави форси.. камтар аз хари гурур фуромадан даркор бародаро.. холи замонхо мегузарад ина ману шумо не довари давр аник мекунад ки кй буд ва чи кор кард.. Шириншоху Нусратулло Махсум мегуед.. дар кучои бадахшон ва ё Гарм як мактаби нав вучуд дошт ваё хам шояд рохнамое доштанд ё берунтар аз кишлокошон тахсил карданд олама диданд ки тавонистанд хидмат кунанд барои миллат барои хамин хаммаи ин шахсиятхо барои миллат хидмат кардаанд яке бештар яке камтар.. Устод Айни дар адабиёт ва шиносондани мардуми точик хидматхои зиёд кардаанд.. ина хар касе инкор мекунад.. хато мекунад..китобхояш холо хам кухна шудаги нестанд.. магар Одинахо Дохундахо Гуломхо судхурхо ятимон дар чомеаи мо каманд?

Китобхои Устод Айни 1 Гуломон, 2. Ахмади Девбанд. 3 Марги судхур. 4 Ятим. 5. Дохунда. 6. Одина. 7 Ёддоштхо.. 8. Намунаи адабиёти точик.9.Тартиулкуръон. 10 тахзибуссибён. 11. Темурмалик..12. Бедил..13.Лугатномаи айни.. 14.Китоби шеърхои Айни ва гайра садхо макола ..(холи гур ба гур гштану машваратхое ки ба Бобочон Гафурову рахим Хошиму хамин Нусратуллову Шотемурхо додааша як тараф мемонем) аввал ин китобхоя сатр ба сатр хонда баромада баъд дар бора Аёни дахана аввал шушта гап задан даркор.. камтар инсоф ва адолат хам чизи хуб будагист ..дар Точикистон ба фикрам бояд касоне ки хар кас фарзандони фарзона албатта касе ки класикада табдил шудааст.. ва аз имтихони 100 сола гузаштаст тахкир швад бояд нафари бадгу чаримаи калон шавад.. ин рохи халли ин масалахо мешавад..

сомеъчик
Ту маънои "дохунда"-ро аз "охунд" ва ё Охундх,о мефахмий ё не. "Дохунда" - рафик, , хамра, хамнишин ва ба ин монанд синонимхоро ба худ дорост. Охундхои устод мегуфтагй дигар аст. ...

"... ду миллати бародари точику эрон". Хайфи фахмиши ту барин фиристода- аташеи фархангии Сафорати ЧТ да Ирон.

сафар
Бародари азизи Шохтемур дар мактаби русси шахри Хоруг тахсилдида ва дар Тошкент дар семинарияи педагогии руси хонда ва аз илму сиёсати чахон бохабар буд.У аллакай соли 1921 сардори тройкаи харби сиёсии вилояти Помир буд(Бадахшон он вакт чунин ном дошт).Махз чунин донишу фахмишаш буд,ки у рохбар шуд,солхои 1923 ва 1924 у хамчун сиёчсатмадор дар бораи бехукукукии мактабу маорифи точик навиштахои зиёде дорад,ки баъдан ба суи Кремл бархеашро интикол дод.Сиёсатмадор хуб буд,ки устод Айниро оварданд то барои адабиёти точик хизмат кунад.Солхои 1929 ва 1930 вакто,ки хостанд,ки Душанберо ба Сталинобод иваз кунанд у зид баромада,иброз дошта буд,ки ин мардум хама точик ва пойтахт чун дигар пойтахтхоичумхурихо бояд милли бошад.У точикони зиёдеро,ки он вакт дар зиндонхои ЭНКВД ба чурми босмачи русхо медоштанд баъди суолу чавоб аз банд озод намудааст,ки баъдан чунин душмани каттоли миллати мо Рахимбоев,ки чун чосуси гузбакхо комиссари халкии Точикистон шуда,худро точик карда буд ба Маскав шикоят навишта буд,ки Шотемур душман буда,номи кухнаи Душанберо намехоад бо номи дохи иваз кунад ва хамчунин садхо нафар босмачиро аз банди НКВД халос кард,ки ин бухтонхои пантуркистон ахиран уро ба кушторгох бурд.Шириншо муалилифи аввалин конститусия буд.

кишвар
салом бародарони азиз. ман аз хамаи шумоён даъват дорам, ки гузаштагони кахрамони моро ба чунин навиштачоти наматлуби худ бадном накарда нисбати эшон кинаву адоват наварзед ва ба махалгароиву бадбини дода нашавед!!!! бародарон мо бояд ба даргохи Худованд барои шодии рухи гузаштагони кахрамони худ дуо намоем чун мо дар он вакт ва шароит вучуд надоштем ва хакки бад ё хуб гуфтани эшонро надорем. бародарон мо бояд сарчам бошем то ояндаи некро бисозем!!!

Ахрор
Асрор. Ту кучову устод Айни кучо. Бехтараш як бор аз худат бипурс,ки барои миллати точик чи коре анчом доди? Кори шумо факат махалу махалбози. Бовари дорам агар Устод Айни аз хамон махали ба гуфти худатон" Шумо " мешуданд хечгох хамон навиштахоятро наменавишти. Дард яктост махалгарои.., Дар хамон махали "Шумо" садхо, хазорхо нафароне хастанд, ки ба Устод Айни бо назари нек нигох мекунанд, чунки Устод Айни фарзанди махал не чону чигари миллатанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)