Cокинони селзада: "Барои пули барқу андоз меоянд, барои аҳволпурсӣ - не!" (АКС)
Сокинони селзадаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз нарасидани кумаки зарурӣ барои онҳо бо гузашти беш аз 5 шабонарӯз аз зери хоку лой мондани чизу чораашон шикоят доранд. Ин сокинони ноҳияи Хуросон рӯзи 20 апрел дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, бо вуҷуди он ки тамоми ашёи рӯзгори онҳо зери хок мондаву захираи маводи ғизоиашонро сел бапуррагӣ “бо худ бурд”, ҳанӯз аз сӯи мақомот кумаке ба онҳо нарсидааст.
Ба гуфтаи сокинони Меҳнатобод, нафароне, ки манзили истиқоматияшон дар пайи омадани сел хароб гаштаву пур аз лойқа шудаанд, дар хонаҳои пайванду наздикони худ шабашонро рӯз мекунанд.
Як сокини кӯҳансоли Меҳнатобод мегӯяд, ҳоло ӯ ҳамроҳ бо чаҳор фарзанду ду келин ва се набераи худ дар хонаи яке аз хешонаш ба сар мебарад: “Ҳама чизро бо чашми худ дидеду дигар ба гуфтаи ман, ҳоҷат нест. Ин хонаҳое, ки ҳоло Шумо онҳоро пур аз лойқаву харобгашта мебинед, бо маблағе обод шудаанд, ки худ онҳоро бо сари занакиям бо арақи ҷабинам дар Русия кор карда, ба даст оварда будам. Ман баъд аз фавти шавҳарам барои пайдо кардани нафақа ва сарпаноҳ ба 4 фарзанди аз падар ятиммонда ба Русия рафта, муддати 10 соли умрамро дар ғурбат гузаронидаам.”
Зуҳри рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар пайи боришоти зиёд дар ҷануби кишвар беш аз 170 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон тайи селоб монда, девори бархе аз ин хонаҳо фурӯ рехтааст. Ба қавли сокинони ин деҳа, ҳарчанд ин селоб мунҷар ба аз байн рафтани даҳҳо чорвои хурду калони онҳо шудааст, вале талафоти ҷониро низ дар пай дорад. Бар асоси иттилои манобеи маҳаллӣ дар ин офати табиӣ ду кӯдак, аз ҷумла Абдураҳими 2-сола зери лойқа монда, ба ҳалокат расидааст.
Сайидиброҳим, ки худро бобои Абдураҳим муаррифӣ кард, мегӯяд, набераи ӯ ҳанӯз чанд соат қабл аз омадани сел ба хонааш меҳмонӣ омада буд: “Ӯ писари духтарам аст, саҳари ҳамон рӯз бо модараш ба дидорбинии мо омада буданд, вале ҳангоми омадани об, ки ниҳоят сатҳаш баланд буд, аз дасти модараш афтиду тайи хок монд.”
Тибқи маълумоти расмии ҳукумати ноҳияи Хуросон инчунин беш аз панҷ гектар замини кишт, аз ҷумла гандуми сокинон аз байн рафтааст. Тавре хабарнигори “Озодагон” аз маҳалли ҳодиса боздид кард, ҳоло сарбозони марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатобод қарор дошта, ба сокинон барои холӣ кардани хонаҳоашон аз лойқа кумак менамоянд.
Бо вуҷуди ташриф овардани хабарнигори “Озодагон” ба деҳаи Меҳнатобод бо дархости сокинон, вале аксари онҳо бо як ҳиссиёти нобоварӣ ба рӯзноманигорон суҳбат мекарданд. Холаи Марзия далели нобоварии мардум ба рӯзноманигоронро ба таври зарурӣ пушиш наёфтани вазъияти эшон донист. Ӯ мегӯяд, “ростӣ мо аз суҳбат бо рӯзноманигорон низ хаста шудем, имрӯз Шабакаи аввал, фардо Сафина ва ғайра, аммо натиҷа ҳеч. Шаби дароз мо ки ҳоло дар хонаи хешутаборамон зиндагӣ дорем аз назди телевизор дур намешавем, ки ана ҳозир моро намоиш медиҳанду аз дарди дил ва вазъияти мо ба ҳама хабар медиҳанд. Вале афсӯс, чанд сония танҳо баъзе аз хонаҳои деҳаи зери об мондаи моро нишон медиҳанду халос. Он ҳама суханҳои дуру дарози назди дурбинашон гуфтаи мо шояд “қайчӣ” мешаванд ё удалит...”
Мусоҳиби мо дар идома аз бетаваҷҷӯҳии мақомот нисбат ба сарнавишти онҳо низ шикоят кард. Ӯ гуфт, “барои пардохти андозу пули барқ як лаҳза моро нишастан намемонанд, вале дар ин рӯзҳои мушкил касе намепурсад.”
Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз Меҳнатобод мегӯяд, то худи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи онҳо огоҳ нашавад, касе барояшон кумаки зарурӣ нахоҳад кард. Ӯ бовар дорад, қазияи селзадагони Хуросон аз қаламрави ноҳияашон берун набаромада, зоҳиран президент ҳам аз он бехабар аст ва ё иттилои комил надорад. “Инҳо аз тарси он ки маҷбуран бароямон кумак кунанд ва ё дар сохтмони манзил кумак кунанд, иттилои воқеиро ба раисиҷумҳур намерасонанд. Ҳоло онҳо мунтазиранд, ки ду-се рӯз офтоб шаваду девори намкашидаи манзиламон хушк гардад. Он вақтбоз моро ба хонаҳои кафидаамон ворид мекунанду мегӯянд, зиндагӣ кунед. Дар ҳоле ки он бисёр хатарбор аст”,-таъкид дошт ин сокини Меҳнатобод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |