Қурбонбек Ҷалилов, падари марҳум рӯзи 19 апрел бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш шоми дирӯз аз сӯи миллатгароёни рус дар ноҳияи Богородский, наздики метрои “Подбельский”, ба қатл расидааст. Ӯ мегӯяд, “Маҳмадкарим дар роҳ ба сӯи манзили зистамон ҳангоми бозгашт аз мағоза, ки барои харидани маводи ғизоӣ рафта буд, бо миллатгароён рӯбарӯ шудааст”.
ВИДЕО АЗ ЮТУБ:
Ҷалилов мегӯяд, Иттиҳоди ҷавонони тоҷик барояш як андоза кумак карда, омодагияшон барои интиқоли тобути Маҳмадкаримро изҳор доштаанд. “Аз сафорат касе наомад, вале чанд бор занг заданд ва ҳатто як рақам ҳам доданд, ки бо он нафар тамос гираму ӯ гӯиё барои 50% поин бурдани хароҷоти интиқоли ҷасади Маҳмадкарим ба ватан кумак мекардааст”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Қурбонбек, Маҳмадкарим тӯли беш аз се сол аст, дар Русия аз пайи дарёфти рисқу рӯзии фарзандонаш буда, тайи як ҳафтаи охир ҳамроҳ бо падараш фаъолият доштааст. Маҳмадкарим Ҷалилов сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, се фарзандаш ятим мондааст.Мӯҳр