Эҳтимоли 12 сол ҳабси журналист барои Гитлер
Маҷаллаи “Аныз адам” (Инсони афсонавӣ), ки дар саҳифаи аввалаш акси Гитлерро нашр кардааст, дар нақзи қонунгузории Қазоқистон муттаҳам мешавад.
Оҷонси давлатии алоқа ва иттилооти Қазоқистон гуфтааст, дар робита ба шумораи моҳи апрелии маҷалла чораҷӯӣ хоҳад кард. “Дар муҳтавои ин шумораи “Аныз адам” ҳолатҳои нақзи Конститутсия ва қонунгузории Қазоқистон, аз ҷумла барангехтани низои иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ (моддаи 164-и Кодекси ҷиноӣ) дида мешавад",- омадааст дар иттилоияи оҷонс.
Кодекси ҷиноии Қазоқистон барои ин ҷиноят то 12 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Мавзӯи аслии шумораи моҳии апрелии маҷалла ба 125-солагии Адолф Гитлер бахшида шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |