Баҳси ҳузури сарояндаи нимаурён дар манзили намояндаи Эрон дар Қоҳира
Ҳузури Алба Клерд, сарояндаи мисрӣ дар манзили намояндаи Эрон дар Қоҳира, ки дар ҷашни Наврӯз сурат гирифтааст, баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён гузоштааст. Аксари корбарон аз иштироки як хонуми сароянда, бахусус, ба мисли Клерд дар дафтари намояндагии як кишвари исломӣ ба шиддат интиқод кардаанд.
Худи сароянда дар шарҳи аксҳояш бо Муҷтаба Амонӣ, раиси дафтари ҳифзи манофеи Эрон дар Қоҳира, гуфтааст, ин аксҳо дар ҷашни наврӯзии имсола гирифта шудаанд. Ба гуфтаи сароянда, ӯ бо даъвати махсуси Муҷтаба Амонӣ дар ҷашни наврӯзии ӯ дар Қоҳира дипломатҳои Теҳронро ҳамроҳӣ дошт.
Хонум Клерд сарояндаест, ки баъд аз хондани таронаҳо бо лаҳҷаи мисрӣ ва баромадан ба саҳна бо либосҳои нимаурён “шуҳрат” пайдо кардааст. Аксари расонаҳои мисрӣ аз ӯ “туркнажоду эронитабор” ном мебаранду, ба гуфтаи онҳо, ҳоло ин хонум шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад ва бо лаҳҷаи мисрӣ суруд мехонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |