Бахшҳо

“Спец носи Урра-Урра”, “бисёр дар бадм назан" ва қиссаи "семичкафурӯш"

Ростӣ, намехостам бинависаму бигӯям, аммо агар нагӯяму нашнавед, дилам ба дард меояд, асабам фишурда мешавад. Беҳтараш биёед ва мутаваҷҷеҳ бошед. Аз дидаву мушоҳидаҳои чандрӯзаи хеш аз бозори “Саховат” қисса мекунам.

Ҳар вақте ки “дам” гирифтанӣ шавам, ба назди бозор меравам (аслан ман 24 соат дам мегирам, зеро ҷои кори доимӣ надорам). Хулоса, дар мавзеи наздик ба ин фурӯшгоҳ ҷоеро шартан “Баландӣ” ном гузоштааму аз он ҷо назорату мушоҳидаамро аз амалу рафтору ҳаракату кирдори сокинон идома медиҳам.
Бозори “Саховат” ин ягона бозорест, ки ба ягон қоидаву қонуни санитарӣ посух гуфта наметавонад, бозорест, ки умуман ба талаботи як шаҳри муосир нодаркор. Вақте аз ин бозор як кило гӯшти ҳалолу покиза ҷудо карда мехарию хона меорӣ, дар хона мебинӣ, ки миёни ҳамон як кило гӯшт ҳатман ду устухони аз дақёнус монда ва як пора пӯсти чарм барин сахт пайдо мекунӣ. Ҳайратат боло мегирад, ки ин амалро қассоб бо кадом роҳ дар пеши чашми худат дар тарозу бармекашаду ту бехабар мемонӣ...

Бозори “Саховат” ягона бозорест, ки маводи ғизоиро тоҷирони навбаромад дар роҳрав мефурӯшанд ва як грамм ҳам виҷдонашон онҳоро азоб намедиҳад.
Суханро ба дарозо накашаму ба сари масъалаи асосӣ биёям. Инак, мушоҳидаҳои ман. Аз тарафи рости гузаргоҳи зери заминӣ, занаки ҷулҳундие бо аробаи сайёри тахминан дарозиаш аз як метр бештар роҳи гузаргоҳро банд карда, рӯзи дароз ба фурӯши донаи офтобпараст, ё ба истилоҳ “семичка” машғул аст. Аҷибаш ин аст, ки ин холаи савдогар тақрибан ними семичкаашро худаш мехӯрад ва пӯсти онро ба ҳар куҷое, ки рост омад, пуф кардан мегирад. Ҳар вақт аз пеши ӯ гузаштаам, мушоҳида кардаам, ки даҳонаш беист меҷунбад. Ба назар чунин менамояд, ки ин бону аз касе ва ё чизе сахт ранҷида ва хотираш озурда аст. Овози баланд дораду гӯшхарош, садояш аз бинияш мебарояд. Гоҳ-гоҳ аз марди носфурӯши тарафи чапаш шикоят мекунад. Ин мард бошад, дар болои сараш лавҳаеро овезон кардааст, ки он ҷо чунин нигошта ҳаккокӣ шудааст: “Спец, Нос, Урра, Урра”. Баъзан бо овози хирросӣ “носи Урра Уррада биё бача! Охиронаш мондай!”-гӯён мағал карда, носашро реклама мекунад. Ана ҳамин мардак ба ҷони семичкафурӯш мезанаду ӯ лаб ба шикоят боз мекунад.

Рӯзе аз зинаҳои гузаргоҳ боло шудан мехостам. Банохост назарам ба донаҳои зиёди офтобпарасти атрофи ин зан уфтода, хостам каме дар ин бора ва банд кардани роҳ бо аробааш бо ӯ сӯҳбат намоям. Ҳанӯз ҷумлаи якумро тамом накарда, ба қавле занак алов гирифт. “Э, дар раҳт рост рафтан гир!!! Ман барои иҷа платит кардагийм!!! Чӣ хеле бфорама, ҳами хел кадан мегирм!!! Фаҳмидӣ?! Ман ба ту кор надорм, тра ба ман чӣ кор?” Аз гуфтаам ҳазор бор пушаймон шудаму сар пеши бар ба роҳам идома додам. Аз тарафи рости ҳамин гузаргоҳ дар қатори растаи фурӯши гӯшт духтараки зебое машғули тиҷорати гӯшти қима (фарш) аст. Як назари сатҳӣ ба чеҳраи ӯ кофист, ки тасвирҳои Пикассо ё Леонардо да Винчи пеши назарат ҷилвагар шавад. Аммо ин дилбар бо вуҷуди дилрабо буданаш ниҳоят бадҷаҳлу талхзабон будааст.

Як рӯз шоҳиди бевоситаи ҷанҷоли ӯ бо зане тақрибан 50-55 сола шудам. Маълумам гашт, ки ин ҷо пештар ба зани номбурда тааллуқ доштааст, аммо паричеҳра бо кадом роҳе бозори занакро танг карда, ҷойро аз они худ кардааст. Хулоса “ҷанг”-и ин ду лафзӣ буду иборат аз ҳақоратҳои болохонадору нестандарҷаҳон. Бовар кунед, агар ритсарҳои шарафманд аз сипару шамшеру ҷавшану аспи худ ифтихор кунанд, инон аз истифодаи ҳамоқату ҳарфҳои носазои дар нишонии якдигар гуфта “лаззат” мебурданд. Ҳарчанд кӯшиш кардам натавонистам ин ҷо дашному алфози қабеҳи онҳоро ҷо бидиҳам (...) ва агар метавонистам ҳам бовар дорам, ки нашрия онро чоп намекард... Дар идомаи бигӯ-магӯи эшон дарк кардам, ки духтарак ғалаба мекунад, зеро “бисёр дар бадм назан, бра касера миёрӣ биёр, лубойтата...!!!” гуфта, даст меафшонд. Дар ин “набарди лафзӣ”-чандлаҳзаина занаки бечора мағлуб гашта, оҳиставу бесадо аз гузаргоҳ хориҷ шуд.

Аз тарафи чапи гузаргоҳ дар охири зинаҳо тақрибан дар масоҳати як метр паҳноӣ ва ду метр дарозӣ бонуи дигар саргарми фурӯши бозичаҳои кӯдакона аст. Зимистону тобистон либоси ғафси обношуста ба бар дорад, на гармӣ ба ӯ кора мекунаду на сардӣ (ба мушоҳидаи ман). Ҳадс задан мумкин аст, ки ин зан дӯстдори шавқуну ҳаёҳу ва мағали зиёд мебошад. Агар ин тавр нест, чаро якбора даҳ-дувоздаҳ бозича: аз қабили рӯбоҳу бузича, хирсаку...- ҳоро ба нақоранавозӣ “маҷбур” мекунад. Ин амалашро рӯз то бегоҳ анҷом дода, гузаргоҳи серодаму пурмағалро боз серғавғотар месозад. Шояд роҳат мекунад ва ё истироҳати тафреҳӣ, аммо ман инро намедонам. Холаи тоҷир “холабеғам” аст, кай парвои онро дорад, ки аз ин гузаргоҳ шаҳрвандони гирифтори ҳолатҳои мухталифи рӯҳиву равонӣ, меҳмонони хориҷӣ, туристу чандин нафар мегузарад. Ҳар гоҳ ки каме хаста шавад, ба ҳузур пойҳояшро дароз карда, термоси чойро пешаш мегузорад ва ё косаи таоми қаблан аз хонааш овардаро наздаш мегузораду бо иштиҳои том ба тановул мепардозад...

Марди шаробиеро ҳам дар ин гузаргоҳ зиёд вомехӯрам, ки баъд аз нӯшидани 50-ву 100 грамм алкуҳул (алкогол) дар ин роҳрав доду вой мекунад. Рӯзе, ки ором бошад мефаҳмам, ки касе ӯро “адаб” додааст. Аз чеҳраи гирифта ва лабу лунҷи овезонаш инро пай бурдан мушкил нест. Аммо агар касе садди роҳаш нашуд, ду ангушташро рост карда, ҳар каси аз пешаш омадаро “ҳей, ҳу, а бача!!! иҷа кияй зӯр?.. бо кӣ гап дора? любойтат катӣ гап мезанм” гуфта, ин тарафу он тарафи гузаргоҳро чену андоза мекунад. Дар ин ҳолат барои ӯ фарқ надорад, ки мухотабаш кист, зан, мард, кӯдак ва ё пири барҷомонда. Худо нахоста агар ба чашмаш рост нигоҳ кардӣ, осмонро ба сарат чаппа мекунад (албатта, агар тарсида бошӣ...)

Хулоса, ину дигар “аъмол”-и сокинони пойтахти кишвар, шаҳри гулҳо- Душанберо дида, дуд аз димоғ мебарояд. Ба худ мепечаму чизе гуфта наметавонам. Ҳар рӯзи Худо ҳамин аҳволу ҳамин минвол аст. Агар бовар намекунед, Шумо ҳам биёеду як бор бо ман дар “Баландӣ” бишинед ва аз он ҷо як бор аз гузаргоҳи зеризаминии “Саховат” бигузаред.

Азиз ҚАДАМОВ,
сокини пойтахт
Мӯҳр
Собир
Азиз офарин ин мисли сенарияи як кинои зур баромадаст. Зерзаминхои дигарро хам як тасвир кун...

Поёнтар Корвон рав унча боз ачоибтар аст. Точно гумон мекунй, ки дар ягон чангалй ё хеч набошад дар Куктош.

Сокин
Азиз Кадамов мушкилотеро навиштааст, ки хамаамон мебинему чашм мепушем. Чи тавре, ки дар огоз зикр шуд, кахрамонхои ин навишта мисли муаллиф чойи кори доими надоранд ва махз хамин сабаб шуда, ки бечорахо даст ба ин корхо бизананд. Чи илоч, агар начунби зиндагиат пеш намеравад.

Чи бекор мегарди, Азиз Кадамов? ГЖК биё кор кун

ман дар россия зиндаги када истодаам аммо барои ман ин гавгои саховат хеле азиз метобад , хеле пазмон шщудаам зиндагии пургавгои душанбе, кампули , гушт хари барои ахли хона ид, хонахои серошьенаи душанбе пури кудак аст аммо дар инча инхел нест, пиронсол дар душанбе намебини, дар инча хама пираки, миннатдор, як бори дигар саховат рафтам омадам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)