Абдулазизи ВОСЕЪ
Душанбе шаҳри ормонҳост. Шаҳрест, ки садҳо нафар дар он дурнамои рушдашонро мебинанд. Шаҳрест, ки ҳазорон нафарро аз рустоҳо берун мекашад ва сӯи худ мехонад. Душанбе оҳанрабо на, балки “одамрабо”-ст.
Душанбе бо ҳама каму бешаш зебо аст: бо вуҷуди “пробкаҳо”-и зиёд, ронандаҳои ҳамеша саросема, низоми даҳсолаҳо комилнашудаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва фарҳанги 20-сола шакл нагирифтаи шаҳрнишинӣ. Ҳатто баъзан вақте сари ҳар қадам гӯшат зери борони дашному ҳақорат мемонад – дар дохили нақлиёти мусофирбар ронанда дар ҳузури занону кӯдакон унвонии касе дашномҳои болохонадор мефиристад, зане сарашро аз тирезаи ошёнаи 12-ум берун кардаву бо тамоми овоз ҳафт пушти наврасеро, ки бо писараш дар поин ҷанг дорад, “навозиш” мекунад, дилат аз ин шаҳр намегирад.
Ногуфта намонад, ки “очата фалон”-у “апата фалон” ва ғайраву ҳоказо “салом”-и як гурўҳе аз ҷавонҳои Душанбе аст. Аммо “дилат намегирад” гуфтан ҳам нодуруст аст. Албатта, ҳар бор ки гўшат дашном мешунавад (сари ҳар қадам) дилмонда мешавӣ, аммо охир ин ҳама ҷурми пойтахт нест-ку? Душанбе гуноҳ надорад, ки фарҳанги гурўҳе аз ҷавону миёнасолу пиронсоли мо коста аст.
Душанберо бо вуҷуди кӯчаҳои пури лой, роҳҳои хароби мошингузар, чароғакҳои роҳнамои “хомӯш” дӯст медорӣ. Ин гуноҳи шаҳр нест, ки бархе масъулонаш бемасъулиятанд.
Душанбе бо вуҷуди иҷораи гарони манзилҳо, нархи осмонкафи хонаҳо дилкаш аст. Пайваста боло рафтани арзиши ғизову либос ҳам меҳрро нисбат ба ин шаҳр кам намекунад. Онҳое, ки Душанберо ба қасди кишварҳои хориҷ тарк кардаанд, аслан аз пойтахт дилмонда нестанд. Онҳо Душанберо дӯст медоранд, танҳо зиндагӣ маҷбурашон карда, то ин шаҳрро тарк бикунанд.
Душанбе барои намояндаи ҳама табақаҳо, ки мехоҳанд дар дохили кишвар бошанд, дурнамои рушд аст. Онҳо бар инанд, ки танҳо Душанбе барои бароварда сохтани орзуву омолашон мувофиқ аст. Кӯдакону наврасон аз рустоҳо Душанбе меоянд, то зиндагияшон беҳтар шавад. На ҳамаи онҳое ки мошин мешӯянду селофан мефурӯшанд ё испанд дуд меандозанд, зодаи пойтахтанд.
Ҷавонон барои хондан меоянд ва баъд аз хатм талош мекунанд, ин ҷо бимонанд. Насли миёнасол ё солманд ҳам аз деҳот барои пайдо кадани қути лоямут роҳи Душанберо пеш мегирад.
Душанбе шаҳри орзуҳост, аммо на ҳамаи орзуҳо инҷо бароварда мешаванд. Он шаҳри умедҳост, аммо бисёр умедҳо ба ноумедӣ мебаранд. Пойтахт шаҳри ормонҳост, вале аксар ин ормонҳоро ба гӯр мебаранд.
Душанбе баландтарин милаи парчам дар ҷаҳонро дорад. Сохтмонҳо дар авҷанд. Китобхонаву осорхонаву чойхонаи миллӣ бо харҷи маблағҳои зиёд дар дили ин шаҳр бунёд шудаанд. Боғҳои муосир ҳам дар ин шаҳр кам нестанд. Майдону фаввораҳои рангоранг низ дорад. Гаронтарин мошинҳо дар кӯчаҳои Душанбе мегарданд. Аммо ин ҳама боиси ифтихор нест.
Худи Душанбе, ҳамчун шаҳр ва пойтахт мояи ифтихор аст. Ва ҳамин шаҳр ид дорад! Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Рӯзат муборак, пойтахти ман!