Бахшҳо
18 апр 2014 22:11Тоҷикистон / Сиёсат

Паҳн кардани диски “Нури наҳзат” ва варақаҳои зидди ҲНИТ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, диск ва варақаҳои зидди чанд аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Намиҷон Самиев, раҳбари собиқи дафтари ҳизб дар шимоли кишвар, паҳн карда шудааст.

То ҳол маълум нест, ин корро чӣ касе ё гуруҳе анҷом додааст ва феълан Раёсати умури дохилии Суғд ҳам дар ин замина изҳори беиттилоӣ мекунад. Вале хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, диски “Нури наҳзат” дар пушти дари бархе аз сокинони Хуҷанд партофта шуда, варақаи иборат аз ду саҳифа, ки зоҳиран аз Фейсбук нусхабардорӣ гардидааст, дар даромадгоҳи чанд манзили баландошёна ва, инчунин, масҷиди “Нури ислом” часпонда шудааст. Дар ин варақа бештар дар бораи гӯиё равобити маҳрамонаи Намиҷон Самиев бо як духтаре, ки аз ӯ ба унвони “фоҳиша” ёд шудааст, қисса мекунад.

Паҳн кардани диски “Нури наҳзат” ва варақаҳои зидди ҲНИТ дар ХуҷандИлҳомҷон Ёқубов, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд, ӯ низ соати 20:00 дар паси дарвозаи хонааш диски “Нури наҳзат”-ро пайдо намудааст. “Баъдан маълум шуд, ки дар чанд ҷои дигар ҳам ин фиттаро паҳн кардаанд”,-мегӯяд ӯ. Оқои Ёқубов муҳтавои варақаи паҳншударо “туҳматнома” зидди ӯ ва Наимҷон Самиев номид ва афзуд, “ҳадафашон сиёҳ кардани Ҳизби наҳзат, эҷоди бадбинӣ миёни мардум ва ноором сохтани ҷомеа мебошад."

“Нури наҳзат” иборат аз ду филмест, ки ҳафтае пеш дар интернет пайдо шуда, баъдан ҳазф гардид. Дар ин филм гуфта мешавад, ки гӯиё он аз сӯи студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ таҳия шуда, дар бораи бадахлоқии чанд узви он қисса мекунад.
Мӯҳр
Акбар
Хукумат бо ин амали зишт заиф будани худро нишон додаистодааст.

Мухочири гариб
ин заъфи хукумати имруза аст ки шикасташро эътироф дорад

Абдукаюм аз Москва
Бародарони Нахзати ба фикрам шумо дар дуруст хастед вагарна инкадар тухмату кинаву бугзу адоват амалхои шайтониро бар зиди шумо намекардаанд!!!

Khudovand mardumi musalmon ro az tuhma dar amon dor.
Inon bo tuhmat zadan mekhohan ki obrui tojikiston ro da sohai bainalmilali baland kunand.amo be khabar az onan ki bo dasti khud sababi past zadani shaanu sharafi in millat shuda istodaand.

Ахмад Хиссор
Ба кавли русо (попали в точку ) домуло Наимчон шумо дар рохи хак хастен ба фикрам корхои ободониеки дар Хучанд гузарондед ба инон сахт расидааст худованд нигахбони шумо бошад!

И давлатдор хам ика бе номус мешудаст.ика чон наканен .и мардум алакаи хушёр шудаст..медонад чи ростаст чи дуруг.шумо гунох хои кардагитона бар сар ду нахзати мезанед..шуморо акнун хич кас бовар намекунад..

abdullo
salom; yo khudo oqibaty in davlaty mo chi meshuda boshad? in korhoro hudi hukumat kardaistodaast baroi hamin bahonai hubi VKD mo namedonem. chi hel namedoni boyad doni vazifat ast. Hudovand panoh dihad az un ruz. ozadagon salomat boshed

Пеш аз интихоботи навбати сиехкунии хизбхои мухолиф сар шуд, ки ин сахнабозие, беш нест!!! Ин варакаву дискхоро ки пахн мекунад?! Албатта худи макомот бо супориш. Охир ин сахнабозира одами аз акл берун хам дарк мекунад.

Хонанда
Барои макомот ин кадар зиндагии махрамонаи аъзои ХНИТ ин кадар чолиб шудааст. Ки бовар мекунад, ки хамин вазирону депутатхои хукумат маъшука надоранд ва мисли мусича бегуноханд.

Тахлилгар
Ман ба тамоми рохбарият хотиррасон мекунам ки аз Худо битарсед, шоир мефамояд:
Хазар кун зи дуди дарунхои реш,
Ки охе, чахоне, бахам бар занад!

Шармандаги
Тамоми сохторхои давлати алайхи як хизби мухолиф дар мубориза хастанд. Ин аллакай нишонаи пирузии ХНИТ аст. Дар богчахо рафта мукобили нахзад ба кудакон афсона хонед хам, хатто хамон тифлакон ба шумо бовар намекунанд. Мурча газид чойи лозимиашонро. Хахахаха

Сабур
Сабабаш яке аст.Интихоботи cоли 2010 нишон дод,ки ин мансабдорон ягон махбубияте дар чомеъа надорад.

Нодир
Рафикон нахзатихо, Шумо хамая монеду ба хамин Нури нахзат чавоб тиетон, канй ин худаш чй номаъкулй? Бо хучанди моя заразит накунетон бо? Шумо агар обуру медоштед, ба ин наворхо чавоб медодетон! Хак ки аст, анаминхел чим шиштетон Хукумата айбдор карда! Шармандахо!!!!

Саид
Наход аку муборизаи сиёси ба хамин намуд боша!

Хазорон корвон рафтанду дав дав, Ханузам ин сагон доранду ав ав.

Чавоб ба Нодир- Эй Нодир ту худат зараженный ту худат шарманда гуе намедони ки хаку ки нохак ту хам яке аз кохинони маъбади ОМУН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)