Ваъдаи "дурӯғин"-и имомхатиб барои ҷалби ҷавонон ба артиш?
Имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз сокинони минтақа хостааст, фарзандони худро барои хидмат дар Артиш фиристанд ва дар иваз барояшон замини наздиҳавлигӣ дода хоҳад шуд. Ин ҳарфҳоро Маҳмадсаид Акрамов дар намози ҷумъаи 18 апрели соли ҷорӣ баён доштааст.
Ин бори аввал нест, ки имомхатибон ва мақомоти расмӣ дар ноҳияҳои кишвар ба сокинон чунин ваъда медиҳанд. Аммо Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дар бораи ҷудо кардани замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, қароре мавҷуд нест.”
Вай афзуд, “намедонам, имомхатиб ин тасмимро аз куҷо гирифта бошад. Мумкин барои ҷалби ҷавонон барои хизмат гуфта бошад. Ҳукумат ба нафарони ниёзманде, ки чанд сол мешавад ариза супоридаанд замин ҷудо карда наметавонад, ба ҷавонон аз куҷо замин медиҳад?”
Маҳмадсаид Акрамов, ки аз ӯ ба унвони писарамаки раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода ном бурда мешавад, дар пайи барканории Убайдуллоҳ Ҳасанов имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъ таъин гардид. Оқои Ҳасанов тобистони соли гузашта, танҳо баъд аз он ки дар мулоқоти рӯҳониён бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Восеъ масҷиди ҷомеи марказӣ мавҷуд нест, аз мақомаш барканор гардид. Вале мақомот гуфтанд, ӯ дар корҳояш камбуди зиёд дошт ва ин тасмим ба ҳамин хотир гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |