Боз шудани дарҳои бастаи дафтари ҲНИТ дар Спитамен
Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, ки дар пайи муҳр задани дарҳои бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и ин минтақа баста шуда буд, рӯзи 18 апрел дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ин амал дар пайи муроҷиати батакрори онҳо ба мақомот, бо иҷозаи Хадамоти оташнишонии ноҳияи Спитамен имконпазир шудааст.
Дарҳои бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен, ки дафтари ноҳиявии ҲНИТ низ дар он ҷойгир аст, рӯзи 8 апрел аз сӯи Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд барои ҷой доштани камбудиҳо муҳр зада шуда буд. Баъдан Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд низ гуфта буд, ҳизб барои бартараф кардани тамоми камбуди оташнишонии бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен омода мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини дафтари ҲНИТ дар Суғд, раҳбарияти корхона гуфта буд, имкони молӣ барои бартараф кардани камбудҳоро надорад ва ҳоло маълум нест, дарҳои бинои он кай боз карда мешаванд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |