Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Аксу бардоштҳои як хонандаи “Озодагон” аз вазъи Украина

Як хонандаи “Озодагон”, ки ахиран аз Украина боздид кардааст, таҳлилҳо дар мавриди ба миён омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишварро дур аз воқеият хонда, гузориш ва ахбори расонаҳои Русияро ҷуз ҳангомае беш намедонад.
Ин манбаи муътамади мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “умуман мардуми Украина зираку ҳушёр ҳастанд. Ягон нишонаи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дида намешавад. Ҳама ҷо орому осуда буда, ягон харобкорие ба ҷуз чанд бинои сиёҳи дудолуда ба назар намерасаду ҳама аз паси кору бори худанд.”
Ба гуфтаи ӯ, ВАО-и Русия барои нишон додани ҳақиқиати вазъи феълии Украина дур аз воқеият хеле талош дорад ва ҳатто русзабонони муқими ин кишвар низ аз амалкарди Кремл сахт норозӣ мебошанд: “Ҳатто русҳое, ки бо онхо мулоқот доштем, аз амалкардҳои Русия сахт нороҳат буданд.”
Дар мавриди кинаву адоват миёни русзабонон ва украиниҳо мусоҳиби мо илова менамояд, “ҳама ҳуҷҷатгузориҳо бо забони русӣ ва украинӣ буданду шабакаҳои телевизионӣ ва радиошунавоии русӣ низ бе маҳдудият фаъолият доштанд. Дар телевизионҳо барномаву филмҳои русӣ ҳамоно дар намоишанд. Каналҳои махсус кушода шудаанд, ки ба онҳо мардуми гуногун занг мезананд ва ибрози ақида менамоянд. Баъд коршиносону масъулон даъват карда мешаванд, то саволу ҷавоб сурат гирад. Дар саросари Украина ҳама бо русӣ ҳарф мезананд касе монеа ё нигоҳи ноҷое надоранд. Вале танҳо тамоми шахсиятҳое, ки аз Русия ба Украина ва баръакс сафар менамоянд, дар фурудгоҳҳои ҳарду ҷониб мавриди пурсуҷӯ ва кофтукоб қарор мегиранд. Ҳатто ба куҷо равонию туро кӣ пешвоз хоҳад гирифт, мепурсанду ба ӯ телефон ҳам хоҳанд кард.”
Ӯ баъд аз сӯҳбат бо сокинони Киев ба натиҷае расидааст, ки онҳо бо хоҳиши худ ба майдон баромадаанду мақсади ягонаашон равона сохтани кишвари худ ба самти демократия будааст: “Ман асосан бо олимон будам ва хулосаву мулоҳизаҳои онҳоро пурсидам. Онҳо мегӯянд, шахсони дорои ору номус ҳастанду зиёӣ ва бидуни ягон сармоягузории хориҷӣ ба майдон баромада, инқилоб кардаанд. Онҳо мегӯянд, мо ягон хел “бандерӣ” нестем. Аз оне, ки моро ВАО-и Русия намоиш медиҳад, сахт нороҳатем. Мо ба русҳову дигар қавмиятҳо эҳтиром қоилем. Аммо шиори мо он буд, ки Украина барои меҳанпарастони Украина аст! Ҳама маблағ ҷамъ мекарданду чой ё нони инқилобчиёнро таъмин месохтанд. Дар бораи он ки чаро алайҳи ҷудосозии Қрим аз Украина ба набард нахестем, ин аст, ки мо сӯи демократия ҳаракат дорем ва намехоҳем, худро ҳамчун ашхоси ваҳшӣ нишон диҳем.”
Ба қавли хонандаи мо, гӯиё мардуми Украина дар ин моҷароҳои худ аслан ба мансабдрони Ғарб ё кишварҳои Аврупою Амрико такя ва эътимоде надоштаанд: “Дар мавриди Созмони Милали Муттаҳид, украиниҳо мегӯянд, ки мо ба умеди Амрико ва Аврупо нестем. Зеро онҳо ба ҷуз "мо хеле мутаассирем ва хавотирем" дигар кору амале анҷом нахоҳанд дод.”
Мусоҳиби мо изҳор дошт, ҳоло тамоми мардони аз 18 то 40-сола дар Украина ба хидмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ки миёни онҳо донишҷӯён ва устодони донишкадаву муассисаҳои илмӣ низ ҳастанд: “Чанд тан аз дӯстони ман, ки устоди яке аз донишгоҳҳои Киев мебошанд, гуфтанд, ҳоло барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ довталабона дар навбат қарор доранд. Мизони ҳиссиёти меҳанпарастии мардуми Украина аз ҳад боло рафтааст.”
Ӯ такя ба гуфтаҳои коршиносон ва олимони украинӣ дар мавриди пирӯз шудани гуруҳе дар интихоботи ояндаи президентии ин кишвар чунин ибрози ақдида намуд: “Бархе аз коршиносон тахмин мезананд, ки шояд дар интихобот соҳиби шоколадои “Рошен” ғалаба кунад. Баъзеи дигар аз номзадии Юлия Тимошенко нигаронанд ва шак доранд, ки ӯ ба Ватанаш хиёнат кардаасту шояд дубора кунад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |