АКС: “На ҳамаи харгӯшҳо харгӯшанд” – оғози “Чодари хаёл”
Чаҳорумин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак -- “Чодари хаёл” соати 17-и 16 апрел дар шаҳри Душанбе оғоз хоҳад ёфт. Искандар Бухориев, як масъули Театри лӯхтаки Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷашнвора то 21 апрел идома ёфта, ҳунармандон аз Испания, Эрон, Туркия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористон ҳузур доранд.
Ӯ афзуд, дар рӯзи аввали ҷашнвораи “Чодари хаёл” ҳунармандони Театри лӯхтаки Беларус намоиши худро таҳти унвони “На ҳама харгӯшҳо харгӯшанд” ба саҳна мегузоранд. “Баъд аз ин ҳунармандони театри шаҳри Чкалови Тоҷикистон намоиши хешро бо номи “Донаи сеҳрнок” пешкаш хоҳанд кард”,-афзуд Бухориев.
Искандар Бухориев ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи “Чодари хаёл”-ро огоҳӣ аз фарҳангу таърихи кишварҳои якдигар ва рушди бештари дӯстӣ миёни халқҳо унвон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |