Ноиби Шабдолов аз аъзои ОДКБ нафақаи муҳоҷиронро хост
Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) масъалаи муҳоҷирони кориро ба баҳс кашидааст.
Ин намояндаи мардумии тоҷик аз Ҳизби комунист рӯзи 16 апрел ба мақомоти СПАД гуфтааст, ба муҳоҷирони кории тоҷик замони ба синни нафақа расиданашон андози иҷтимоие, ки қаблан дар ин кишварҳо пардохт кардаанд, ба инобат гирифта шавад. Сафари ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург таҳти раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯзи 15 апрел ба ин сӯ оғоз шудааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба СПАД рӯзи 16 апрел оғоз шуда, ҳоло идома дорад.
Қарор аст, дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, форуми байналмилалии “Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё” ширкат меварзад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |