Ҷоми Каспий-2014: Тоҷикистон бо Ҷопон ва Гурҷистон рақобат мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар сабқати байналмилалии Ҷоми Каспий ширкат меварзад.
Ин мусобиқа аз 28 май то 6 июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо ширкати 12 даста баргузор хоҳад шуд.
Иштирокдорон ба чор гуруҳ тақсим шудаанд. Дар пайи қуръакашӣ яккачини наврасони тоҷик шомили гуруҳи “С” шуда ва бо тимҳои Ҷопон (29 май) ва Гурҷистон (30 май) бозӣ мекунад.
Дастаҳое, ки дар гуруҳ мақоми аввалро гирифтаанд ба даври ниманиҳойӣ роҳхат мегиранд. Тимҳое, ки дар мақоми дуюманд барои ҷойҳои 5-8 ва яккачинҳои дигар барои ҷойҳои 9-12 мубориза хоҳанд бурд.
Ҳайати гуруҳҳо аз ин қарор аст:
Гуруҳи “А”: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.
Гуруҳи “В”: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.
Гуруҳи “С”: Ҷопон, Гурҷистон, ТОҶИКИСТОН.
Гуруҳи “D”: Туркия, Узбакистон, Қазоқистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |