Дастгир шудани Маҳмадсаид Воҳидов ва Абдулвоҳид Мирзоев
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти Маҳмадсаид Воҳидов ва Абдулвоҳид Мирзоев, сокинони шаҳри Душанбе, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳад.
Ин ниҳоди қудратии кишвар мегӯяд, дар пайи як амалиёти кормандонаш "аз манзили шахсиятҳои боздоштшуда дар маҳаллаи 18-уми Хуҷанд дар ҳаҷми 40 килою 603 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст."
Ба иттилои манбаъ, ин миқдор маводи мухаддир тавассути мошини навъи “Тойота Прадо”, ки муттаалиқ ба яке аз ин сокинони пойтахт аст, ба шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, қарор буд, тавассути қаламрави Қирғизистон ба кишварҳои дигар берун бурда шавад.
Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ҳоло алайҳи Маҳмадсаид Воҳидов ва Абдулвоҳид Мирзоев бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |