Аз 19-ум то 24-уми августи соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво камабр боқӣ монда, эҳтимол ҳарорат баландтар шавад.
Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази давлатии обу ҳавошиносӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки то санаи 24-уми моҳи ҷорӣ дамои ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон то 42 дараҷа, дар доманакӯҳҳои вилоят 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд бошад, гармӣ то 41 дараҷа расида, дар кӯҳҳои ин минтақа 29-34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ноҳияҳои тобеи марказро 40-41 дараҷа интизор аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорат 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ ба 30-35 ва дар шарқи вилоят 15-20 дараҷа хоҳад буд. Дар шаҳри Душанбе то 24-уми август ҳарорати ҳаво то 41 дараҷа мерасад. {jathumbnail off}
Мӯҳр