Бахшҳо
15 апр 2014 13:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз “арзани русӣ” то “харбузаи тоҷикӣ”

Абдулазизи ВОСЕЪ

Пас аз тамошои барномаи телевизионҳои Русия хулоса ин мешавад, ки шабакаҳои Русия шабеҳи симоҳои давлатии Тоҷикистон ҳастанд. Фарқ танҳо ин аст, ки журналистони рус дар “сиёҳ” кардани “мухолифон”-и худ ҳирфаитаранду дар ҷанги иттилоотӣ пирӯз.

Барномаҳои телевизионҳои Русияро тамошо мекунеду шабакаҳои ватанӣ ба хотир мезанад. Бештари барномаҳояшон алайҳи аҳзоб ва чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Путин равона шудааст. Мисле ки дар Тоҷикистон намояндаҳои ҳизбҳои умдаи мухолиф мавриди “ҳамла”-и иттилоотӣ қарор мегиранд. Аммо пешниҳод ва таҳияи барномаҳои телевизионҳои Русия нисбатан касбитар аст. Онҳо ҳатто нишонрас ҳам ҳастанду бинандаи худро ба самте, ки мехоҳанд мебаранд. Танҳо шахси аз қазия огоҳ ва дорои маълумоти алтернативӣ ба дарки масъала меравад. Аз ҳарфи аввали чунин барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бошад, мақсад маълум аст. Одитарин бинанда бӯи ғаразро эҳсос мекунад. Тамошобини маъмулӣ, ки дар бораи барномазсозӣ чизе намедонад, аз касбият фарсахҳо дур будани онҳоро дарк месозад.

Телевизионҳои Русия дар ҷанги иттилоотии беруна ҳам муваффақанд. Бояд иқрор кард, онҳо низ мисли телевизионҳои Тоҷикистон дар баъзе мавзӯъҳо ба ҳадди ифрот мерасанд. Барои мисол дар масъалаи Украина, аммо ифроти онҳо назди симоҳои кишвари мо арзан назди харбузаро мемонад.

Телевизионҳои мо агар рафту ба номи ҳизб часпиданд, ба қавле “ба халосгар зор мешавед”. Он қадар номи ҳизбро “тагу рӯ” мекунанд, ки дар хобат номи ҳизб медарояд. В-агар мавзӯи фаҳшу фуҷур дар маъраз қарор гирифт, тамом. Ҳатто телевизиони кӯдакону наврасон ҳам нақли алоқаи ҷинсии ду ҳамҷинсро беибо намоиш медиҳад. Агар “ифшо”-и ҷинояткориҳои аъзои ҲНИТ “муд” шуд, пас ҳафтаҳо пайи ҳам интизори гузоришҳои ба қавли Ҳофиз “тоза ба тоза, нав ба нав” бошед. Аммо ҷолиб ин аст, ки дар ягон гузориш намегӯянд, ки фалон мансабдори боздоштшуда узви ҳизби ҳоким аст.

Ин ҳам дар ҳоле ки вақте эътироз мешавад, ба барномаҳои зидди як ҳизб хотима дода шавад, масъулини шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба демократия такя мекунанд. Мегӯянд, ин ҳаққи конститутсионии мардум аст, ки бояд андешаи худро озода бигӯянд. Аммо вақте талаб мешавад, то ҷониби дигар ҳам ҳарфи худро бигӯяд, розӣ намешаванд.

Соҳибназарон на як бору ду бор гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ бо ҳамсояҳо мағлуб шудааст. Ин ҳарфҳо гуиё то масъулин намерасад ва онҳо аз фаъолияти телевизионҳо то бехи гӯш розиянд.

Солҳост, ки аз хатари барномаҳои радио ва телевизионҳои кишварҳои ҳамҷавор ба навоҳии марзии Тоҷикистон бонги хатар зада мешавад, аммо мақомот кори ҷиддие анҷом намедиҳанд. Тамоми кӯшиши онҳо ба таҳияи барномаҳо алайҳи ҳизбҳои мухолиф равона шудааст. Касеро парво нест, ки дар навоҳии наздимарзӣ барномаҳои радио ва телевизиони ҳамсоякишвар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бинандаи худро афзудан дорад. Муҳим барномаҳои “антинаҳзатӣ” зиёд шавад, дар ҳоле ки сокинони навоҳии наздисарҳадӣ аз телевизионҳои ҳамсоякишвар барномаҳои касбии “зидди талкоӣ”-ву “зидди роғунӣ” мебинанд.

Барои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон резиши барф дар он сӯи уқёнус ё садамаи маргбор дар Африқо муҳимтар ба назар мерасад. Шояд, сиёсати телевизионии Тоҷикистон дуруст бошаду андешарониҳои мо нодурустанд? Шумо чӣ фикр доред?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Камол
Хамаш дурусту мукоисаи арзан бо харбуза бемаънй баромадаст..

тарафдор
офарин бародари азиз дуруст кайд кардед, ман кариб чанд сол аст намоишхои барномахои телевизиони точикистонро тамошо намекунам, дидан баробар асабам хаста мешавад...

порсо
дар телевизионхойи точикистон факат тавсифи президент ва шукрона ба ватан дигар умеде нест ва ман тасмим кардам аз томошойи ин телевизилнхо даст кашам факат чашмро хира мекуниву халос...

Гурдофарид
Сокинони навохии назди сархади он тараф истанд, дар Душанбе имруз мардум Узбакистон тамошо мекунанд, аз чанд хамсояам пурсидам, кит узбакиро ку намедонед чи хел тамошо мекунед. Мегуянд, аз амалиёт мефахмем, ки сухан дар бораи чи меравад.

Ман афсари мустафй. Корам рузона тамошо ва шабона тамошои телевизор. Худоро шукр, ки аннтенаи параболй (тарелка) дорам. Агар коррупсия пурсад, хуччати магазин дорам. Хама телевизорхои чахонро тамошо мекунам. Балади забони англисй, олмонй - скандинавй, арабй, (туркзабонхо) ва каме франсузй низ хастам. Ба хорича низ сафар мекунам. Хамчун турист. Тамошои дигар телевизионхои хоричй рухияамро болида ва таъбамро чок менамоянд. Ба гайр аз "гурман для политиков". Барои машки майна он хам зарур аст. Вале дар телевизионхои Точикистон на таъб асту на чок, на мусикии асил асту на илм. Хама дуруг. Одамони босавод - олимон ба намоишхо чалб намешаванд. Чунки пул надоранд. Сарояндагони лухтакмонанд барои зебой бошанд чй доимо баромад мекунанд. Мисол, як хофиза хаст бо номи Заррина Хошимова. Ба кавле у бо телевизионхои Точикистон загс кардагй. Хар шаб баромад мекунад. Дар 8 миллион чомеа чй факат Заррина Хошимова аст? Мо пенсиянерони забондон ва одамони забондон хоричаро тамошо мекунем ва во вайлои пенсионерони дехот ва шахсони забоннамедониста. Дар Точикистон ва телевизионхои Точикистон Зинда бод Зарринаю Нозия, Нигинаю Шабнами Точиддин, Зикриоллоху Бобои Файз ва барномахои гаразноки телевизионхои точик!

мутаасифона ТоЧИКИСТОН хамеша дар чангхои иттилооти маглуб мещавад. баъзе сардорони телевизону бахшхо маьнои чанги иттилоотиро намедонанд. оё инхо худашон ахбороту барномаву намоишхои тв-и дигар давлатхоро медида бошанд ? ки фарк Аз кучо то кучост. мухтарам Асадулло Рахмонов аз хоби гарон хез асри 21 аст.

Причём тут Асадулло Рахмонов. Супориш аз боло мешавад. Асадулло бачаи хуб, ки аст, лоики ин вазифа медонанша.

Онхоро телеканал гуфтан хам ба фикрам дуруст ннест онхо бештар ба телеканалхое ки чизу чораро реклама мекунанд монананд ва он нафароне ки дар ончо кор мекунанду худро журналист хисоб мекунанд хато мекунанд Ман умуман онхоро тамошо намекунам ва ба фикрам онхоро касе тамошо хам намекунад Як сафари приздентро як хафта нишон медиханд Ман бисёр мехохам ру баруи хамон барандахо ва журналистони твт нишаста савол дихам “Чихел шумо метавонед бачо проблемахои мардумро инкос кардан руи рост дуруг мегуед? Чаро як одамро бе суд терорист эьлон мекунед ? Ва бо хамин дууругатон чихел зиндаги мекунед? Оё шумо вичдон доред?“

мухочир
бале дуруст кайд кардед телевизионхои точик як сухан доранд шукрона бояд кард токай босуханхои дуругу такрор ба такрор мардумро фиреб мекунед мардум дигар шуморо тамошоам намекунад зиндабод интернет!!!!

Шукурчон
Ман хам чанд соли ахир аз тамошои тв-хои худи даст кашидаам. Ба чойи он ки шабакахои тв-и мо мисли шабакахои хоричи чахонбиниатро васеъ намоянд, баръакс шахспараст, вобаста, гуломат мекунад. Талкин мекунанд "шукрона кунед". Шукрона барои чи? Бебарки, бегази, бекори, корупсия, хешутаборбози?. То хатто шарм надошта дар соати ахбор "шукрона кунед"-ро мондаанд. Айб!!!!!!!!!!!!!!!

р
Шумода чизе махкул набоша. Бояд мадам махкул набоша
Намефорат хапкк биши?????

AAA
Дуруст аст..... Чаро телевизионхои мо дар Афгонистон ким ки мурд, дар ким кучохо сагону парррандагон мурд, сунами шуд, айби дигар давлатхоро кунчкови мекунанду хабархои дохилро иттилоъ намедиханд боз давм медиханд, ки МО ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИ, КАБУТАРОНИ САФИНА МЕГУЯНД ХАМИНЧОРО ВАТАНИ ХУД ХОХЕМ ШУМОРИД, БА ДУСТОМО ПАЙГОМ МЕФИРИСТЕММ мегуянду аз ухдаи хечч чии намебароянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)