Абулқосим Лоҳутӣ фаромӯш шудааст?

Халил ҚАЮМЗОД,
Маскав
Ахиран мақолаеро дар бораи васияти Абдулқосим Лоҳутӣ, шоири шинохтаи асри гузашта, хондам, ки дар бораи дафнаш дар Эрон ва ё Тоҷикистон, қисса мекунад. Аммо ҷанозаи шоир дар қабристони Новодевичи шаҳри Маскав ба хок супурда шудааст.
Абдулқосим Лоҳутӣ алайҳи режими вақти Эрон шеър навишта, дар мавриди эҳсоси ғурбат, адолат, дарди мардум шеърҳои хос дорад, ки дар баъзеи онҳо зиндагӣ дар Шӯравии собиқ таъриф мешавад. Лоҳутӣ хеле шеърҳои хубе дорад ва ман шахсан ӯро ба ин хотир дӯст медорам.
Бо омадан ба сари оромгоҳи шоир хеле нороҳат шудам, аввал ин ки шоир берун аз хоки Ватан дафн шудааст, ҳарчанд қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ як замон ватани ягонаи мо буд. Дуюм, қабри шоирро бо вуҷуди ҷойгир буданаш дар назди даромадгоҳ базӯр ёфтам. Ба мисли ин ки гӯиё ба ин зудӣ касе ба дидани ӯ наомадааст... Болои ҳамаи қабрҳо дастаҳои гул хобида буду қабри шоири ман бо хоку чанг олуда. Гӯиё ӯ танҳо барои худ навиштаасту барои мо не. Ё гӯиё дар Маскав тоҷику эрониҳо ба сар набурданду намебаранд.
Фаҳмида мешавад, он замон ҳукумати Шӯравӣ шоирро ба таври кофӣ эҳтиром гузоштаву ҳамчун шахси бузург ҷасади ӯро ба хок супоридааст, вале ҳоло ки он ҳукумат нест, магар қадру манзалати шоир низ аз байн рафтааст? Ӯ, ки мардуми тоҷикро дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратманд гардонидааст. Бо ин ҳол, хушҳолам, ки ӯро дар паҳлӯи Чехов, Гогол ва Булгаков ба хок супоридаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |