68 манзил барои зарардидагони заминларзаи 10.11.2013
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Ваҳдат ба зарардидагони заминларзаи моҳи ноябри соли гузашта 68 манзили истиқоматӣ супурдааст. Инчунин, оқои Раҳмон ба сохтмони мактабе асос гузоштааст, ки барои 1 ҳазору 240 хонанда пешбинӣ шуда, дар маҳалли зарардидагон воқеъ мебошад.
Сокинони зарардида аз заминларзаи моҳи нбяри соли гузашта дар сӯҳбат бо “Озодагон” тақдими манозили истиқоматӣ аз сӯи раисиҷумҳурро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, сохтмони манзилҳои боқимонда ҳанӯз идома идома дорад.
Заминларзаи харобиовар дар шаҳри Ваҳдат субҳи 10 ноябри соли 2013 рух дод, ки ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи он 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар диданд. Қаблан бархе аз зарардидагони заминҷунбӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буданд, дар айни сардиҳо дар хаймаҳои тақдимкардаи ҳукумат зиндагӣ доранд ва он тоқатфарсост.
Манозили истиқоматӣ барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва афроди алоҳида бунёд шудаанд.АКС: Заминҷунбӣ 363 хонаро вайрон кард. Ҳисоб идома дорадРанг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |