Бахшҳо
15 апр 2014 08:22Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари “тафтишотӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ва таъкиди дигарбораи ӯ ба шукрона

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел дар суҳбат бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат бори дигар сокинонро ба шукронаи сулҳу субот ва оромии кишвар даъват карда, онро қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди, ба гуфтаи ӯ, баору номус хонд. Ӯ гуфт, “қарзи фарзандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвар дар марҳалаи созандагӣ, пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати бебаҳо мебошад.”

Оқои Раҳмон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи сулҳу субот ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳоло сокинон зиндагии осуда ва ба дастовардҳои имрӯза ноил шудаанд: “Таърихи начандон дарози давлатдории миллиамон собит намуд, ки ин неъмати бебаҳо натиҷаи ақлу заковат ва фарҳанги волои сулҳдӯстии мардуми таҳаммулпазири мо мебошад.”

Ӯ, инчунин, иброз дошт, имсол дар баробари таҷлили 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон ва аз солгарди Суруди миллии кишвар ҷашн гирифта мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз афзоиши қонуншиканӣ ва даст задани ҷавонон ба ҷиноятҳои вазнин, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзеи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ нигаронӣ карда, гуфт, танҳо дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасони шаҳри Ваҳдат 2,4 баробар афзудааст.

Ба гуфтаи ӯ, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои ҷавонони мамлакат муҳайё карда, ки ҳоло фарзандони кишвар бояд аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд: “Ҳуқуқи конситутсионӣ, аз ҷумла барои гирифтани маълумот, касбу ҳунар ва ихтисоси замонавӣ пурра истифода карда, ҳамчун шахсони соҳибистеъдоду болаёқат ва созандагони ояндаи Ватан ба камол расанд.”

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷудо шудани қитъаҳои замин барои оилаҳои камбизоат ва кормандони умури дохилиии ин минтақа дар ояндаи наздик хабар дода, гуфт, “тибқи нақша дар мавзеи нав барои 1200 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳр, аз ҷумла 150 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати бунёди манзили зист бо қитъаҳои замин таъмин карда мешаванд.”

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон субҳи 15 апрел ба шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ҷараёни сафараш бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ шинос хоҳад шуд. Ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли шаш моҳи ахир ба Ваҳдат мебошад. Ӯ ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта низ ба ин шаҳр омада буд. Раисиҷумҳур низ далели ин сафараш ба Ваҳдатро иҷрои амру супоришоти додаи худ дар сафари қаблияш унвон карда, аз амалан табиқ шудани онҳо аз сӯи масъулин ибрози қаноатмандӣ кард: “Ҳарчанд ки аз сафари пешинаи роҳбари давлат ба шаҳри Ваҳдат муддати чандон зиёд нагузаштааст, аммо имрӯз баръало мушоҳида мегардад, ки сокинони шаҳр ҷиҳати ободонии диёри худ дастҷамъонаву самимона заҳмат кашида, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.”

Сафари “тафтишотӣ”-и раисиҷумҳури кишвар ба шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта Анвари Вайсиддин, раиси пешини ин шаҳр ба хотири ҷой доштани камбуд дар фаъолияташ аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Раҳмоналӣ Амиров, собиқ раиси шаҳри Исфара таъйин шуд. Анвари Вайсиддин, ки ҳатто раҳбари Оҷонси зидди фасоди кишвар низ вуҷуд доштани камбуди молӣ дар фаоъилияти кории ӯро тасдиқ кард, ҳоло тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман фикр кардам, ки Президент ба нохияхои селзада аз кабили Шуробод, хамадони ва Восеъ дидан менамояду ба онхо хамдарди ва кумак менамояд....

Сафар
И Анвар пулдорай, хич вакт дар куча намемона.

Фируз
Сафарали,

Дар нохияхои селзада ягон лента нест бурад, барои хамин намеравад

синои кулоби
Ба гуфтаи ӯ, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои ҷавонони мамлакат муҳайё карда, ки ҳоло фарзандони кишвар бояд аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд

Мухтарам "призидент" илтимос суханхои зебо хакхои конситутсиони,истиклолият,озоди,баробари ва гайраву хоказо доимо аз забони шумо талаффуз мешаванд вале хеч гох ичро намешаванд.

диловар
рости дар давлатхое ки низ чанги шахрванди шуда бд, дар мудати 10-15 сол ба кайхон рафтанд, аммо точикистон 22 сол шуд шукрона кнену ,ба дига кас овоз натен ки чанг мешава

На счет сел дар нохияи Вахдат!

БО ДАРДИ САРИ БИЗНЕСМЕНХОИ ТОЧИК!

Кай депутат ё ягон вазир ё раиси ягон нохия як мургхона сохта буданд, ки аз онхо умед кунем?

бо дар бало мондаги точирони ноилоч!

Точикак
ЧОНТА садка ай шукрона хич не ки свет постоянни шава.

Хакгу
Борои чи дар шахри вахдат чиноят афзоиш ёфт? Барои он, ки масчиди эшони НУРИДДИНРО аз чумъа хондани чавонон боз доштед.

Ба шукрона гуфтан хеч навигари намешавад 22сол шуд ки хамин гап аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)