Ҳаштуним соли зиндон ба Эшони Оятуллоҳ Саидов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Эшони Оятуллоҳ Саидов, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки ба ҷурми қаллобӣ боздошт шуда буд, ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Саидов, рӯзи 14 апрел ба “Озодагон”, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ба ҷурми худ иқрор карда ва онҳо қасд надоранд, аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят баранд.
Аз ин пештар, Самандар Расулов, намояндаи додситонӣ дар парвандаи Оятуллоҳ Саидов, аз додрас хоста буд, ӯро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (247, қисми 4 ва 339, қисми 1) ба 12 соли зиндон маҳкум кунад. Ин сокини шаҳри Ваҳдат дар охири соли гузашта боздошт шуда буд. Мақомот гуфтанд, Оятуллоҳ Саидов аз сокинон барои он ки онҳоро ба сафари Ҳаҷ гусел мекунад, ҳазорҳо доллар гирифта, куллияи онро барои ниёзҳои рӯзмарраи худ сарф кардааст.
Зубаралӣ Хайруллоев, яке аз нафарони қасди зиёрати Каъба дошта мегӯяд, эшон ба хонаи ҳамсояи ӯ омада гуфтааст, падараш роҳбалад аст ва шаҳрвандонро ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати Хонаи Худо мебарад. Ин сокини фиребхӯрдаи кишвар мегӯяд, дар ҳоле аз “ҳиллаву найранг”-и Эшони Оятуллоҳ огоҳ шудаанд, ки маросими сафарбаркунии зоирини тоҷик ба Арабистони Саудӣ поён ёфт. Ҳисорӣ Саломов, ҷабрдидаи дигари ин қазия мегӯяд, “ҳангоме ки ҳамаи ҳоҷиҳо ба Арабистони Саудӣ парвоз карданду мо мондем, назди Эшони Оятуллоҳ рафта, асли қазияро пурсидем. Ӯ баъд аз узрхоҳии зиёд гуфт, пулҳоятонро баргардонида медиҳам. Аммо ҳанӯз на шиносномаҳои хешро дидаему на пулро.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |